ДАР ДИДАЕ КИ ҒАЙР КУНАД ХОНА, КӮР БЕҲ

Баъди ҳодисаҳои сарҳадӣ дар деҳаи Ворух гӯш ба қимор шуда аз расонаҳои хабарӣ маълумот мегирам. Аз он ҷумла, шиносоӣ бо Изҳороти Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воқеаҳои минтақаҳои Ворух ва Хоҷа Аълои шаҳри Исфара давоми санаҳои 13-14 – уми марти соли 2019 собит месозанд, ки то ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд байни давлатҳои ҳамсоя низоъ ангезанд. Эҳтимол меравад, ки бо ин мақсаддушманон нафарони алоҳидаро киро ё худ зархарикардаанд, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Усарова аз ҷумлаи онҳост. Зеро, байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарордодҳои дуҷониба доир ба амалҳои махсус мавҷуд мебошад, ки мувофиқасозии ҳарду ҷонибро тақозо менамояд. Бидуни огоҳ намудани ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Қирғизистон сохтмони роҳи “Коктош – Оқсой – Тамдиқ” оғоз карда шудааст, ки кирдори ғайриқонуни мебошад. Гирифтани гаравгонон, сангсоркунии дастаҷамъона, истифодаи силоҳи шикорӣ ва дигар амалҳои номатлуб нишон медиҳад, ки гурӯҳи муайяни ифротиён мавҷуданд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай мехоҳанд вазъияти идонаро халалдор намоянд.

Хуб медонем, ки мобайни миллатҳои соҳибтамаддуни олам миллатҳои тоҷику қирғиз мавқеи хосаро соҳиб мебошанд ва тӯли садсолаҳо дар мавзеҳои зикрёфта паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагони менамоянд. Вале, баъзе нафарони ношукр фирефтаи доми нокасони хориҷӣ шуда ҳаракат доранд, ки оромии мавҷуда дар сарҳадро халалдор намоянд.

Бешубҳа, як раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Усарова ба манфиати шахсии худ такя намуда оромӣ ва ҷони ширини чандин нафарро аз ҳарду ҷониб ба хатар мондааст. Ин зани нодон, ки дар мақомоти хизмати давлатӣ фаъолият менамояд, гумон кардааст, ки ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аълои Ҷумҳурии ҳамсоя бе муқобилият мегузараду ӯ манфиат мебинад. Ҳол он, ки ангезидани низоъ ва амали ғайриқонунии ин зани иғвогар аҳли деҳаҳои Воруғ ва Хоҷа Аълои шаҳри Исфараро ноором намуда боиси фавти 2 шаҳрванд ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнинии ҷисмонии 11 нафари тоҷикон гардидааст.

Набояд ба дасисаҳо дода шавем. Хоса, ба эҳсосот. Мо ба ҳар ҳол шамсоя ҳастем. Сайидо мефармояд:

Дар дидае ки ғайр кунад хона кӯр беҳ,

Чашме ки сурмадон шавад, он чашм бастанист.

 

Аз ин хотир, ба дилу дидаи дустон бояд тухми меҳру муҳаббатро пошид.

 

Валӣ Қобилов, омузгори ДКМТ