Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аз санаи 25 то 30-уми сентябр дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Хушбахтона дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ду нафар омӯзгорони донишкада: Маҳмудов Ҳасанбой Аҳмадҷонович, мутахассиси пешбари раёсати таълим, дар мавзӯи ” Технология извлечение золото из сульфидного консентрата” баромад намуда, бо 88, 5 холи умумии сазовори ҷойи дуюм гардид, Кенҷаев Шуҳратҷон Абдуманонович эдвайзери факултети электромеханика дар мавзӯи ” Технологияи инноватсионӣ дар самти коркарди байни каторҳои боғу токзоркории пассивӣ” баромад намуда, бо холи умумии 83, 4, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар ин озмун аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ Примзода Мехваршох Муслимҷон магистранти бахши якум дар мавзӯи ” коркарди технологияи самараноки металли мис то ба маҳсулоти нихоӣ аз маъданхо ва консентрантҳои сулфиди қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон ” бо холи умумии 84, 5 чойи дуюмро сазовор гардид.