Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, хоинони бадкеш ва нотавонбинону кӯрдилони дар берун аз кишвар қарор дошта ва махсусан ҳамон сиёҳдилону сиёҳрешаҳои наҳзатӣ, ки бо ҳазорон баҳонаву дурӯғ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор намуданд, имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Аврупо ҷамъ омода обрӯву мартабаи миллати тоҷикро паст менамоянд.
Ҳоло чанд нафар аз ҳамин бадкешону террористони наҳзатӣ ва чанд тан аз созмони экстремистии “гурӯҳи 24”дар шаҳри Вена ҷамъ омадаанд, то аз истирдод ва ё депортатсияи Ҳизбулло Шовализода, ки бар асоси қонуни будубош ва ё худ қонуни кишвари Австрия аз ин кишвар берун карда мешавад, мехоҳанд ба ҳамин масъала тобиши сиёсӣ диҳанд.
Наҳзатиёни бадкеш як нафарареро, ки обрӯву эътибори миллатро паст намудааст ва қонунҳои кишвари бегонаро риоя накардааст, ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ном мебаранд, ки ин як шармандагӣ аст.
Зеро чӣ гуна касе метавонад, фаъоли сиёсӣ бошад???
Оё ин наҳзатиёни бадкеш ва он чанд тан ба ном фаъолони сиёсӣ ва дар асл резахӯрони хони террористони наҳзатӣ, намедонанд, ки қонуни кишвари дигареро дағалона вайрон кардан ва ба обрӯву эътибори миллати тоҷик латма ворид кардан, фаъолияти сиёсӣ нест???
Оё ин наҳзатиён ва боз ҳам ба ном ҳамин шайтончаҳои наҳзатпавар ва журналистакҳои кабирипараст намедонанд, ки дар интернет нишаста танқид карадни миллат ва симои махуфу бадсириштонаи худро ба тамошобинон нишон додан, ин фаъолияти сиёсӣ нест???
Магар наҳзатиёни манфур фаромӯш кардаанд, ки Ҳизбулло Шовализода як муҳоҷири оддист ва фақат бо умеди наҳзатиёни палид он ҷо рафтааст ва ҳамин сарсону саргардон шудааст, пас чаро аз ин қазия ҳангома месозанд???
Оё ин палидони наҳзатӣ, намедонанд, ки ҳамин бардурӯғ кишвареро, миллатеро таҳқир кардан ин ҷиноят аст???
Ҳоло ин ҷо чанд нафар ба ном фаъолони шаурмахӯри наҳзатпарвар ҷамъ омадаанд, то пулиси Австрияро фиреб диҳанд, ки ин як шармандагист.
Зеро наҳзатиёни палид намедонанд, ки мақомоти пулиси Австрия мисли кулбаи наҳзатиёни палид пашахона нест ва он ҷо қонун аст, ҳама чизро танзим мекунад на сафсатаву найрангҳои кабирии манфур!
Расонаҳои наҳзатпарвар ҳам ба ин масъала муболаға карда, чунин навиштаанд: “як гуруҳи тарафдорони оппозитсияи тоҷик ва фаъолони мустақил рӯзи 2 март дар назди Маркази истирдоди пулиси шаҳри Вена алайҳи қарори истирдоди Ҳизбулло Шовализода эътироз карданд. Тазоҳургарон аз мақомоти Австрия хостанд, ки аз ихроҷи Шовализода худдорӣ кунад. Ба гуфтаи онҳо, Шовализода барои фаъолиятҳои сиёсиаш таҳти таъқиб қарор гирифта, маҷбур шудааст, ба Австрия паноҳ биорад.”, ки ин як дурӯғи маҳз аст. Агар ин Шовализода воқеан ҳам аз сиёсат хабаре медошт, кайҳо пойи кабирии палидро қапида буд ва барвақт ба шаурмахӯрӣ машғул мешуд. Аммо сад афсӯс, ки ин Шовализодаи гумроҳ як наҳзатпарвар ва фанатик асту халос. На аз сиёсат хабаре дораду на аз кадом фаъолияти сиёсӣ, ин фақат пайравони ТТЭ ҲНИ аст, ки ин гуна ҷавононро кабирии палид ва манфур мехоҳад гирди худ ҷамъ оварад ва дар амалиётҳои террористӣ истифода намояду халос. Ин гумроҳон бошанд ба ин бовар мекунанду худро қурбон сохт. Расонаҳои наҳзатпарвар бошад, ин масъаларо тобиши сиёсӣ дода, аз он муболиға мекунанд, то ҷомеаро фиреб диҳанд ва гумроҳ созанд, ки ин ҳам хиёнати бузург аст.
Вале воқеият ин аст, ки Шовализодаи авбош қонунро вайрон кардааст, пас бояд тибқи қонун муҷозот шавад, пас чаро аз ин наҳзатиёни манфур ҳангома месозанд???
Ин ҷо ҳам кадом нақшаи палидони наҳзатӣ дар назар аст ва дар ҳамин ҳолат ҳам душманони миллати тоҷик мехоҳанд, ки обрӯву мақоми кишвар дар назди бегонагон паст равад. Зеро ин наҳзатиёни бадкеш на симои дурусти одамӣ доранду на сару либоси хуб ва на рафтори нек, ки ин худаш аллакай шармандагист.
Меҳвар Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ