Воқеият чунин аст, ки ақсои оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир гаштаанд. Бахусус, ҷангҳои шаҳрвандие, ки дар мамлакатҳои исломӣ аз қабилиАфғонистон, Ироқ, Сурияба вуқӯъ пайвастаанд, мазмуни мазҳабӣ доранд.
Яке аз пояҳои асосии осудагии инсонӣ амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Мо ҳамагон бояд баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубба монанди вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти будаи худ дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро қавӣ гардонем.
Баъзе нафарон аз паст будани маърифати динӣ ва ҷаҳолат ба ҳар гуна равияҳо пайравӣ мекунанд. Асосан ҷавононро бо ҳар гуна фиреб ба идеологияҳои бегона ба дом мекашанд.
Бояд гуфт, ки воситаи беҳтарини мубориза бо тундгароиву ҷаҳолат талқини маърифати солими диниву дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад. Ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳанд, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиро оқилона пайгирӣ намоянд.
Аз ин лиҳоз, устодонро зарур аст, ки ҳар гуна маҳфилҳо ва суҳбатҳо оиди мавзӯъҳои дар боло зикргардида гузаронида бошанд ва дар замири ҷавонон меҳри Ватан, муҳаббат ба ин хоку оби аҷдодӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро парваранд.
Ин рисолати аҳли зиё аст.
Х.Муслимзода, омузгори ДКМТ