ДАРЁАМУ ХОРУ ХАС НАДОРАМ….

Ман шиква ба лаб зи кас надорам,

Бар шаҳд пари магас надорам.

Ба эҷоди байти мазкур чаҳор аср муқаддам Фонии Кашмирӣ даст зада  ва имруз ҳам маънии худро гум накардааст. Зеро шикваи пайравони ТТЭ ҲНИ аз он боло гирифт, ки арзиши истифодаи алоқаи Интернет дар Тоҷикистон боло рафт. Шаҳд китобхона асту пари магас интернет. Ва акнун мардум роҳи китобхонаро пеш мегиранд.

Донишҷуе аз он шиква намуд, ки асари “Шӯроб”-и Раҳим Ҷалилро барои мутолиа дарёфта наметавонад. Ӯро ба китобхонаи шаҳрӣ ҳидоят намудам. Узви китобхона гардида китоби даркориро ба амонат гирифт ва акнун дар ҳар лаҳзаи муносиб саҳифаи китобро варақ зада ғарқи мутолиаи китоб мешавад. Лаззати нотакрор дорад, мутолиаи китоб. 

Аммо як иллати норозигӣ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву роликҳо ва маводҳои гуногуни иғвоангезу беасоси хоинони ваҳдати миллӣ бо номҳои «Ҳукумат стротежии миллии рушдро ҳам пушти по зад», «Чаро ҳукумат нархи интернетро боло бурд? Омилҳо ва оқибатҳои он», «Шумо дар таърих як хати сиёҳе мегузоред аз номи худ дар дилҳои мардум», «Нархи хизматрасонии интернетро дар ҳолати қаблӣ баргардонед!», «Ҷавоб ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ман зидди ин қонун ҳастам» ва монанди инҳо густурда шуданд.

Бешубҳа, ҳадаф аз интишори чунин маводҳо, ҳангомасозӣ, танқиди ҳукумат, ҳақиру ночиз нишон додани фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Гузашта аз ин, ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ чунин болоравии арзиши Интернетро  дастак намуда ба оташи низоъ равған мерезанд. Ҳолати ҳиссиёт ва ҳаяҷони издиҳом боиси тахрибкорӣ мегардад. Чунки  мардум тағйиротҳои нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба зудӣ қабул карда наметавонанд. Ба хотир орем  дар марҳилаи аввали қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро, ба чунин мухолифати кунд ру ба рӯ шуда буд. Бо гузашти айём  қонун  дар амал  татбиқ шуда, моҳияти аслии қабули он аз тарафи ҷомеа пурра дарк карда шудааст.

Ҳангоме истифодаи Интернет ба дараҷаи ифрот мерасад, мардум роҳи китобхонаро фаромуш мекунад ва муоширати воқеӣ дар ҳалқаи оила ва ёру дӯстон дур мешавад.

Дар бораи зарари аз ҳад зиёди Интернет ҳарф назада, пайравони Паймони зиддимиллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз тафаккури такмилталабу бехабарии ҷомеа маккорона истифода намуда, вазъиятро ба манфиати худ истифода мебаранд.

Андешаи комил намоем зиндагии воқеӣ дарё аст ва он ҳама ҳангомаҳои шабакаи интернет аз хору хас беш нест. Тавре Фонии Кашмирӣ мефармояд:

 

Мижгони тарам зи гиря шуд об,

Дарёаму хору хас надорам.

    Иддаои беасоси ТТЭ ҲНИ ҳамон хору хас аст, ки афсус дарёи дониши дунявиро ифлос мекунад.

 

Қурбони Азиз,

 мудири шуъбаи тарбияи

Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон