Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву хештаншиносӣ, меҳнатпарастиву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия кунанд, чунки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ташкил шудааст.
Тавре аз маълумотҳои ҷойдошта пайдост, яке аз мушкилиҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки ҳеҷ як кишварро ба канор намегузорад , масъалаи терроризм ва экстремизм аст. Имрӯз терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Новобаста аз давлатҳое, ки онҳо дар дар кадом сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, аз хатари терроризиму – экстремизим дар оромӣ шуда наметавонанд.
Ба таври дигар, терроризиму экстремизим дар асри равон хусусияти фаромиллӣ пайдо кардааст. Мубориза алайҳи ин зуҳурот метавонад танҳо дар шакли муттаҳидӣ байни давлатҳо суръат бигирад. Вазъи имрӯзаи кишварҳои Шарқи Наздик, инчунин, таҳдиду хатарҳое,ки ҳатто дар кишварҳои Аврупо Осиё мавҷуданд, далели гуфтаҳои болост. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ махсусан бо истифодаи бовару эътиқоди мардум дар шакли динӣ зуҳур ёфтаанд, ки аз роҳ гурӯҳҳои осебпазирро ба доми худ мекунанд.
Чунин амал дар кишвари мо аз ҷониби ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷониби аъзои ин ташкилоти террористи – экстремистӣ ҷиноят аз қабили куштор, роҳзани, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабои, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва ғайра мебошад.
Воқеан терроризим ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст ва ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Дар ин замона тарбияи дуруст ва дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи ҷонии мо устодону омӯзгорон ба шумор меравад.
Гурӯҳҳои террористиву – экстремистӣ, ки ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд, дар таърих дар ҳама давру замон бо ҳар ном амал мекарданд, ки ҳадафи асосии онҳо аз байн бурдани якпорчагии давлат ва қатлу куштор ба ҳисоб рафта бо ин роҳ мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оранду ҷамъиятро ноором намоянд.
Дар замони муосир аксари гурӯҳҳои террористи ба номи ислом бисёр амалҳои нангинро иҷро мекунанд. Қисми зиёди ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, на дониши кофии исломӣ доранду на дониши мукамали дунявӣ, бо ваъдаҳои пуч, ки оқибаташ танҳо марг аст, онҳоро фиреб менамоянд.
Бинобар ин бояд мо устодон машғулиятҳои тарбиявиро дар гурӯҳҳои академикӣ ҷиддӣ ба роҳ манда донишҷӯёнро аз вазъияти сиёсии сулҳу ваҳдат ва истиқлолият неъмати бебаҳо бирасонем. Бояд ба қадри сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвари бирасем ва баҳри ободу зебо гардонидани ватани азаизамон талош бикунем.
М. Ваҳобов,
номзади илмҳои техникӣ,
Дотсенти ДКМТ,
собиқадори меҳнат