Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дарси кушод аз ҷониби мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Юсупов Хуршед гузаронида шуд, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат варзиданд.
Ҳамчунин, дар ин дарси кушод муовини ректор оид ба таълим Қозиев Камолуддин., сардори бахши сифати таҳсилот Усмонов Шермат ва дигар омӯзгорон иштирок карданд.
Юсупов Х. мавзӯи дарси кушодро, ки “Андоз бақои давлат” ном дошт, эълон намуда, бо донишҷӯён муфассал дар бораи мавзӯъ суҳбат намуд ва сипас донишҷӯён ба саволу ҷавоби омӯзгор посух доданд ва ҳамчунин андешаҳои худро перомуни мавзӯи мазкур баён доштанд.
Ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавриди иқтисодиёт, имкониятҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин саҳми андоз дар рушди давлат ва соҳаҳои буҷавӣ ба донишҷӯён маърӯза хонда, ононро аз моҳияти андоз бо таҳлилҳо огоҳ гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯён дар дарси кушод фаъолона ширкат варзида, ба суолҳои хеш посухи амиқ гирифтанд.
М. Сайидзода