Санаи 18 – уми ноябр дар кафедраи фанҳои умумитехникӣ аз ҷониби ассистенти кафедра Ёқубов Ф.Ф., аз фанни “механикаи назариявӣ” дар мавзӯи “Тартиби ҳалли масъалаҳои динамика” дарси кушод гузаронида шуд.
Дар дарси кушод мудири кафедра н.и.т. Воҳидов А.А., профессор Буҳодуров Ш.Б., муаллимони калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ Ҳошимов Х.Ғ., ва Абдуллозода Б.Х., ширкат варзиданд.
Баъд аз қайди дафтари гӯрӯҳ ва эълони мавзӯи дарс омӯзгор ба гузаронидани дарс шуруъ намуд.
Омӯзгор дар рафти дарс аз пурсиши дарси гузашта оғоз намуда, ба донишҷӯён тартиби ҳалли масъалаҳои динамикаро баён намуд. Инчунин, ба донишҷӯён гуфта шуд, ки дар вақти ҳалли масъалаи якуми динамика дониши математикии донишҷӯён дар бораи гирифтани ду маротиба ҳосила аз муодилаи ҳаракат ва масъалаи дуюми динамика бо роҳи ду маротиба интегронидани муодилаҳои дифференсиалии ҳаракати нуқта зарур аст. Дар рафти дарс оид ба ду масъалае ки дар боло зикр шуд тариқи санҷиш намудани қимматҳои номаълуми ёфта шуда аз тарафи омӯзгор пурра баён карда шуд. Ва ҳам замон ба донишҷуён вазифа тақсим намуда шуд.
Дарси кушодро профессори кафедра Буҳодуров Ш.Б., ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба Ёқубов Ф.Ф., баҳри пешравии дар соҳаи илм ва омода намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ саҳми арзанда гузоштан, ва ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи хеле баланд гузарониди дарс ба омӯзгор изҳори миннатдорӣ намуд.
Шуъбаи иттилоот