Дарси кушоди Юсупов С. аз фанни графикаи муҳандисӣ

Дирӯз, дар аудиторияи №305К дарси кушоди номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Юсупов С.М. аз фанни графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ, дар мавзӯи сохтанҳои геометрӣ дар системаи барномаи графикии КОМПАС – 3D баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки аудиторияи 305К бо компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамаи компютерҳо марказонида шудаанд, ки донишҷӯён маводҳои таълимиро сари вақт мутолиа намуда, супоришҳои инфиродии графикии хешро аз принтери марказонидашудаи аудиторияи мазкур чоп намуда, ба омӯзгор пешниҳод менамояд. Юсупов С.М. баёни мавзӯъи навро бо истифода аз проектор ва тахтаи электронӣ слайдҳо ва медиа файли ба мавзўъ тартиб додашуда, дар бораи марҳила ба марҳила тартиб додани сохтанҳои геометрӣ яъне: таќсими давра ба нисбати додашуда дар барномаи компютерӣ КОМПАС – 3D, оғоз намуда, аввал нақшаи мавзӯъро нишон дод, баъдан дар бораи соҳаи истифодабарӣ ва тарзи гузаронидани ченкуниҳоро ба донишшҷӯён нишон дода наќшаҳои тасвиршавандаро ба истеҳсолот татбиќ намуд.

Аз рафти дарс маълум гашт, ки донишҷўёни гурӯҳ, махсусан Ибодуллоев И., Исмоилов У., Павлов Т, ба дарс фаъол буда ҳар як слайдро бо шавќу завќи хос ќабул намуданд ва саволҳое, ки дар силлабус комплекси таълимӣ – методӣ мављуд аст, љавоб гирифтанд.

Дар дарси кушод сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот н.и.и., дотсент Юсупов Х.М., мутахассисоси пешбари раёсати таълим Шехова М.М., эдвайзери факултети электромеханика Кенҷаев Ш.А. ва дигар устодони донишкада ширкат варзиданд.

Дарсро н.и.и., дотсент Юсупов Х.М. сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба н.и.п. Юсупов С.М. ки зиёда аз 12 сол дар омода намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд, инчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушод изҳори миннатдорӣ намуданд.