Аз рӯи ҷадвали гузаронидани дарсҳои кушоди омӯзгорони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дирӯз дарси кушоди муаллими калон Тоҳиров А. С. аз фанни геодезияи олӣ дар мавзӯи “Мутобиқгардонии гардишҳои полигонометрӣ ба пунктҳои такягоҳии давлатӣ”, барои донишҷӯёни бахши 4, ихтисоси 510201 – корҳои маркшейдерӣ баргузор гардид. Баъди гузоштани нақшаи гузаронидани дарси кушод 22 нафар донишҷӯёни иштирокдоштаи гурӯҳ ба ду гурӯҳи корӣ тақсим карда шуда дар майдони таҷрибавии донишкада барои дар маҳал иҷро кардани мутобиқгардонии гардишҳои полигонометрӣ ба пунктҳои давлатии такягоҳии синфи 2 шурӯъ намуданд.
Гурӯҳи 1 бо роҳбарии донишҷӯи гурӯҳ Носиров Б. бо истифодаи тахеометри SOUTH 356R аз рӯи мутобиқгардонии нуқтаҳои полигономтерӣ ба репери рақами 1-и дар маҳал мустаҳкам кардашуда, гардишҳои полигонометрии нуқтаҳои маҳалро нақшбардорӣ карда, натиҷаи ҳисоботҳо ба хотираи тахеометр сабт карда шуд, ки дар оянда барои корҳои камералӣ бо истифодаи барномаи махсуси соҳавӣ омода шуданд.
Гурӯҳи 2 бо роҳбарии донишҷӯи гурӯҳ Қамаров Д. бо истифодаи теодолити 4Т30П гардишҳои полигонометрии маҳал аз нуқтаи 4 то 8 гузаронида координатҳои нуқтаҳо муаяйн карда ба дафтари донишҷӯён сабт карда шуд.
Дар дарси кушоди имрӯза декани факултети корҳои кӯҳӣ н.и.т., дотсент Самадова Г. М. мудири кафедраи сохмтон ва корҳои маркшейдерӣ н.и.п. Юсупов С. М. мудири кафедраи экология н.и.т. Ҳоҷибоев Д. муовини декан оид ба корҳои тарбия Холбоев Р. Я., мудири бахши кор бо ҷавонон Насриддинов Ш. муаллимони калони кафедра Боев М. Б., Ҷумаев А. Р. ва асистентони кафедра Шарипов Х. Х., Бойматов Д. Э. иштирок намуданд.