Дар асоси нақшаи чорабиниҳои «Ҳафтаи илм ва амал» дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳию металлургииТоҷикистон имрӯз дарси кушоди номзади илмҳои геологӣ минерологӣ Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович баргузор гардид. Дар дарси кушод декани факултет н.и.тех. Самадова Г.М., сардори БИСТ Усмонов Ш., ва дигар устодони донишкада ширкат варзиданд. Дарси кушод ба самти истеҳсолот бештар нигаронида шуда, дар он пайванд намудани илм бо истеҳсолот хуб мушоҳида гардид.
Дар озмоишгоҳи «Тоза кардани канданиҳои фоиданок»-и кафедраи коркардиконҳои канданиҳои фоиданоки донишкада низ дар асоси нақшаи чорабиниҳои «Ҳафтаи илм ва амал» дарси кушоди ассистенти кафедра Бадалов Ҷ.Н. баргузор карда шуд. Дар он равандҳои бойгардонии маъдан намоиш дода шуда, донишҷӯён бо таҷҳизотҳои мавҷудаи раванди бойгардонӣ истифода бурданд. Усулҳои муосири таълим дар раванди дарс ба роҳ монда шуда, ҷиҳати омодасозии муҳандисони соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда шуд.
Осими Оқил