Имрӯз дар синфхонаи 206 дарси кушоди омӯзгори фаъоли донишкада Махкамов Файзулло аз фанни “Ҳуҷҷатгузории геологии ковишҳои кӯҳӣ” баргузор гардид. Дар дарси кушоди омӯзгор имрӯз муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, сардори раёсати таълим Осими Оқил, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳратҷон, профессор Анвар Отаев, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқҷон, сардори шуъбаи умумӣ Ҷабборзода Муҳаммад, омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Ғуломҳайдарова Хурмо ва омӯзгори кафедраи экология Саксанова Наима ширкат намуда, ҷараёни дарси омӯзгорро назора намуданд.
Дар вақти дарс донишҷӯён тамоми супоришҳои омӯзгорро иҷро намуданд ва маълумотҳои иловагиро иҷро карданд. Омӯзгорон ба донишҷӯён суолҳо доданд ва ҳолати қабулнамоии мавзӯъ санҷида шуд, ки баҳои баланд гирифт.
Ба дарси кушоди омӯзгор Махкамов Ф баҳои баланд дода шуд ва таъкид карда шуд, ки минбаъд омӯзгорон дар дарсҳои кушод бештар ширкат намоянд.
Шуъбаи иттилоот