Дарси кушоди омӯзгори фаъол Ҳоҷибоев Д.

Дирӯз, дар кафедраи таҷҳизот ва тенологияи мошинсозӣ дарси кушоди омӯзгори варзида ва фаъол Ҳоҷибоев Д аз фанни металшиносӣ дар мавзӯи “Таъсири гармкунӣ ба сохт ва таркиби металлҳои  деформатсияшаванда” бо ширкати омӯзгорону кормандон баргузор гардид. 

Омӯзгор дарсро оғоз намуда, роҷеъ ба мавзӯи мазкур бо истифода аз таҷҳизоти лозим барои фанни мазкур мавзӯро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дод. Сипас, донишҷӯён суолҳо дода ба суолҳои хеш посухи амиқ гирифтанд ва ин тарзи дарсгузарӣ шавқовару рангин буд, барои донишҷӯён. 

Ёдовар мешавем, ки дар дарси кушоди мазкур сардори раёсати таълим Осими Оқил, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Қобилов Валӣ, сардори бахши сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқҷон, омӯзгори кафедраи таъминоти барқ Ёқубов Фахрулло ва дигарон ширкат намуда, ҷараёни дарсро назорат намуданд.

Дар интиҳо сардори раёсати таълим Осими Оқил ба ҷараёни дарсгузарии омӯзгори фаъол Ҳоҷибоев Д. баҳои баланд дода, равиши дарсгузарии ин омӯзгори собиқадорро беназир ва муфид номид.