Санаи 07.02.2022сол дарси кушоди муаллими калони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Дўсталиев С. Т. дар аудиторияи 3011К аз фанни лоиҳакашии мошин ва таљҳизоти кўҳӣ дар мавзўи самарабахшии мошин ва таҷҳизоти кўҳӣ дар пояи ба як шаклдарорӣ барои донишҷӯёни бахши 4, ихтисоси 3610 01 – таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ баргузор гардид.
Дўсталиев С. Т. дарсро мувофиқи талаботҳои љорӣ, аз назаргузаронии сару либос, ҳозиру ғоиби донишҷўён, шарҳи баъзе аз калимаву ибораҳои тарбиявӣ ва бо истифода аз тахтаи электронӣ оғоз намуд.
Муаллими калон Дўсталиев С.Т. пеш аз баёни мавзўи нав мавзўи гузаштаро мухтасар ба донишҷӯён хотиррасон намуд, пас ба баёни мавзўи нав оғоз кард. Мавзўи нав тавассути қайди маълумотҳои зарурӣ, мафҳуми мухтасар, слайдҳо, алоқамандии мавзўъ бо дигар мавзўъҳову фанҳои мухталиф гузаронида шуд.
Инчунин қайд кардан зарур аст, ки омўзгор бештар барои шарҳи мавзўро ба истеҳсолот пайваст намуд. Масалан:
Дар дарси кушод сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот н.и.и., дотсент Юсупов Х.М., мутахассисоси пешбари раёсати таълим Маҳмудов Ҳ.А., мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Юсупов С.М., муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ оид ба тарбия Холбоев Р.Я. эдвайзери факултети электромеханика Кенҷаев Ш.А. ва дигар омӯзгорони донишкада ширкат варзиданд.