Дирӯз, донишҷӯёни бахшҳои 3 ва 4 ихтисоси 360101, технологияи мошинсозӣ зери роҳбарии омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Холов Зафа ба корхонаҳои ҶДММ Корхонаи муштараки автобусбарории “Хуҷандзил”, ҶДММ “Элегант”, Корхонаи масолеҳи сохтмонии “Арча”, ҶДММ “Тоҷфилиз” сафар намуда бо ҷараёни истеҳсолот аз наздик шинос шуданд.
Ҳамчунин, дар чанд корхонаи мошинсозӣ ба донишҷӯён дарсҳои амалӣ гузашта шуд. Ҳини сафар донишҷӯёнро Холов Зафар бо ҷараёни истеҳсолот шинос намуда, ба онҳо дар бораи ҳар як таҷҳизоти истифодашаванда ва технологияи коркарди он маълумот дод.
Донишҷӯён бо кормандон ва масъулони бахшҳои истеҳсолӣ суҳбат намуда, роҷеъ ба технологияи муосир ва истифодаи он низ пурсон шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аксарияти дарсҳои амалии донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои саноатӣ мегузаранд, ки ин ҷараён барои мукаммал гардидани донишҳои онҳо мусоидат менамояд.
Таъкид кардан зарур аст, ки кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ дар чандин корхонаҳои истеҳсолӣ филиалҳои худро дорад ва донишҷӯёни ин кафедра дарсҳои амалии хешро бештар дар филиалҳо мехонанд.
Шуъбаи иттилоот