Дирӯз, аз рўи нақша-чорабинии кафедра таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ ва раёсати донишкада донишҷӯёни бахши сеюми ихтисосҳои 3601.01 – технологияи мошинсозӣ ва 3610.01 – таҷҳизот ва мошинҳои саноати кўҳӣ, машғулиятҳои навбатиро дар филиали кафедра дар назди КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» гузарониданд. Дар ин машғулият таҳти роҳбарии омӯзгорон мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ дотсент Қобилов В. А .ва дотсент Воҳидов А.А. ба корхонаи мошинсозии шаҳри Бӯстон ҳозир шуданд.
Донишчуён сараввал дар филиали кафедра бо техникаи бехатарӣ, баъдан бо сехҳои корхона шинос гардида, инчунин мутахассисони ин коргоҳ аз наздик бо нозукиҳои технологӣ ва тарзи коркарди металлҳоро ба донишҷӯён шинос гардониданд. Дар сехи механикӣ донишҷўён, дастгоҳи даврзанандаро ҳангоми коркарди танаи насосҳои обкашӣ ва воситаҳои технологии истифодашавандаро ҳангоми кор диданд ва равандҳои технологии коркардро аз худ намуданд.
Машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯён бисёр манфиатдор буд, онҳо натиҷаи дарсҳои назариявиро дар амал диданд, ки ин барои таҷрибаи донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳар як корхонаи саноатӣ филиали кафедраҳои донишкада ташкил карда шудааст ва донишҷӯён дарсҳои амалиро дар ин филиалҳо мегузаронанд.