ДАРСИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁНИ ЗАРГАР ВА ИҚТИСОДЧӢ ДАР КОРХОНАИ ҶМТКММ “АПРЕЛЕВКА”

Имрӯз зери роҳбарии омӯзгори фаъол, олими ҷавони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Раҳматов Абдумавлон донишҷӯён бахши дуюм ва сеюми ихтисосҳои технологияи заргарӣ ва иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолотро ба ҶМТКММ “Апрелевка” бурда аз фанни ташкили истеҳсолот дарси амалӣ гузаштанд.
Донишҷӯён аз наздик бо ҷараёни истеҳсолот шинос гардида, бо завқи том дарсро азхуд намуданд. Дарси амалӣ барои боз ҳам барандтар гардидани савияи дониши донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аксарияти дарсҳои амалӣ тибқи созишномаи амалкунанда бо коргоҳҳои саноатӣ дар филиали кафедраҳо, яъне дар корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор мегардад.
Қайд кардан зарур аст, ки донишҷӯёни ихтисосҳои мазкур аллакай бо тарзи кори техникиву технологияи истифодашаванда дар корхонаҳои саноатӣ пурра шинос ҳастанд ва метавонанд мустақилона аз он истифода баранд, ки ин ҳам таҷрибаи аввалин дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.