ДАРГУЗАШТИ УСТОД МАСРУР САТТОРОВ

11-уми апрели соли 2019 марги беамон аз байни мо яке аз устодони варзидаву собиқадори факултети металлургияи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон , номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи кафедраи иќтисодиёт ва идоракунӣ Масрур Сатторовро рабуд.

Дотсент Масрур Сатторов  30 апрели  соли1937  дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфтааст.

Соли 1960 шавқу муҳаббат ба илм, истеъдоди ҷӯяндагӣ, муҳаққиқии М. Сатторовро ба назар гирифта Раёсати донишгоҳи давлатии миллӣ  ва садорати факултет ӯро чун муттахассиси ҷавону лаёқатманд ва ояндадор ба  сарлаборанти шуъбаи иқтисодии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон  ба кор тавсия доданд.

М. Сатторов солҳои 1964-1967 Аспиранти Институти илмӣ – тадқиқотии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, солҳои 1967-1971 ходими хурди илмии Институти илмӣ – тадқиқотии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, солҳои 1971-1972 Муаллими калони  кафедраи иқтисодиёти  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, солҳои 1972-1975      Завсектори АСПР растанипарварӣ ва чорводории ИИТМИМН  Госплани  РСС  Тоҷикистон, солҳои 1976-1977 муаллими калони  кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Солҳои1977-1980        Дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, солҳои1980-1995 Мудири кафедраи комплекси агросаноатӣ  (КАС) , солҳои 1995-2001 дотсенти кафедраи молия ва қарз, муовини декан, мудири кафедраи менеҷмент ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ѓафуров, солҳои 2001-2006 дотсенти кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкорӣ, мудири кафедраи маркетинг ва  агробизнеси ДДҲБСТ, солҳои 2006-2009 дотсенти кафедраи назарияи иқтисод, менеҷмент ва фанҳои ҷамъиятӣ, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ кору фаъолият бурдааст.

    Аз соли 2009 устод М. Сатторов фаъолияти илмии худро дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба сифати мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолоти Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон давом дода, аз соли 2012 то лаҳзаи вопасини умр ба ҳайси  дотсенти кафедраи мазкур фаъолият доштанд.

М. Сатторов муаллифи якчанд  мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои таҳаввулоти иқтисодӣ дахлдор мебошад..

Дотсент М. Сатторов  дар тӯли фаъолияти беш аз  нимасраи худ дар тарбияи ҳазорон муҳандисон , шогирдон саҳми арзанда гузошта, имрӯзҳо шогирдони ӯ дар коргоҳҳои  шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд.

Дотсент М. Сатторов  ҳамчун муаррих, муҳаққиқ, таблиғгари фаъоли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тавассути рӯзномаҳо, радиову телевизион дар байни мардум дастовардҳои даврони истиқлолият, навигариҳои илму фарҳангро таблиғу ташвиқ менамуд.

Устод М. Сатторов шахси хоксору фурӯтан, ботаҳаммул, маслиҳатгари шогирдону ҳамкасбон ба ҳисоб рафта, дар зиндагии шахсӣ, оиладорӣ падару бобои меҳрубон буд ва фарзандони худро дар роҳи илму дониш,меҳнати ҳалол тарбия намудааст.

Роҳи тайкарда, зиндагии шоиста ва кору пайкори мондагори устод М.Сатторов  дар қалбу хотири шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ҳамеша зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Ҷомеаи меҳнатии донишкада , хоса, садорати факултети металлургия  ва кулли устодону шогирдон аз реҳлати нобаҳангоми дотсент Масрур Сатторов  андуҳгин буда, ба аҳли байт, пайвандони устоди фақид ҳамдардии самимӣ изҳор менамоянд ва аз даргоҳи Худованд умед доранд, ки ҷояшон ҷаннатулмаъво ва охираташон обод бошад.