ДАЛЕР ШАРИПОВ ЖУРНАЛИСТ ВА Ё ҶОСУСИ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН” (БАРОДАРОНИ МУСАЛМОН)

Чандест, ки дар расонаҳо  бештар ба боздошти собиқ рӯзноманигор ва дар асл ҷосуси наҳзатиҳову ихвониҳо матлаб чарх мехӯрад ва баъзан рӯзноманигорони ноогоҳ ҳам аз ин шева кор гирифта мехоҳанд ин масъаларо  тобиши сиёсӣ диҳанд ва аз ин рӯзноманигори ифротӣ ба ибораи дигар чеҳра сохтанӣ ҳастанд.

Ҳарчанд нахуст ин амалро  расонаҳои наҳзатӣ оғоз карданд ва Далер Шарипови ҷосусро бегуноҳ нишон додани шуданд, то дигаронро гумроҳ созанд ва ба ин ақидаашон бовар намоянд, аммо ҳамон гуна, ки медонем дар изҳороти Прокуратураи генералӣ аз далелҳои исботшуда сухан меравад.

Дар банди аввали ин изҳорот чунин омадааст: “шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.” ба таври о аз ҳама масъалаҳои марбут

Ҳамчунин дар идомаи матлаб чунин омадааст, ки воқеияти фаъолияти Далер Шарипови ифротгароро ба таври ошкоро амиқ месозад: “Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.”

Ин ҷо акнун хулоса мешавад, ки вақте  ки рӯзноманигор аз фазои озоду демократӣ истифода менамояд ва ғояҳои ифротгароиро тарғиб менамояд, чӣ гуна вайро метавон журналисти озодандеш номид??

Ва ё дар кишварҳои демократӣ тарғибу ташвиқи ифротгароӣ иҷозат аст???

Вакте журналист аз имкониятҳояш сӯистифода мекунад ва ҷомеаро фиреб медиҳаду бар нафъи кадом созмони террористӣ кор мекунад, чӣ тавр метавон ӯро рӯзноманигори озодандеш номид???

Ҳол он ки ин гуна фаъолият аллакай ҷиноят аст ва ин рафтор берун аз меъёрҳои ахлоқии журналистӣ мебошад. Пас чӣ гуна метавон аз чунин тоифаи хиёнаткор ва ифротгаро ҳимоя кард???

Онҳое, ки аз Далер Шарипови ифротгаро ҳимоят мекунанд, оё ягон маротиба пеши худ суол мегузоранд, ки онҳо ба ҷомеа хиёнат мекунанд?? Ва ин хиёнат ҳам ба хотири ҳимояи ҷосуси ТТЭ ҲНИ ва созмони  террористии “Ихвон-ул-муслимин” аст. Ё ба таври дигар гӯем ин рӯзноманигорон ҳам ҳамтоёни Далер Шарипови ифротгаро ҳастанд ва аз ин созмонҳои террористӣ таъмини молиявӣ мешаванд???

Хуб мешуд, ки онҳое, ки аз   рӯзноманигори ифротгаро ҳимоят мекунанд, як маротиба худ биандешанд, ки оё ба ин корашон ба ҷомеа хиёнат намекунанд ???

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ