Санаи 7-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишкада чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти даври тирамоҳии таҳсил дар Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, директори ҷониби Тоҷикистон Азимов Эминҷон, намояндагони ширкатҳои саноатии Тоҷикистону Хитой, намояндагони ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистону Хитой, рӯзноманигори “Ҳақиқати Сӯғд”, олимон ва дигар меҳмонон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Эминҷон Азимов иттилоъ дод.
Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба забономӯзӣ, нақши забони чинӣ, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии мардумии Чин ва пешрафти Донишкадаи Конфутсий суханронӣ карда, таъкид кард, ки омӯзиши забон барои насли ҷавон бозкушои дар имкониятҳои нав мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур ҳамчунин яке аз олимони муваффақ, собиқ директори Донишкадаи Конфутсий профессор Розиқов Зафар суханронӣ карда , шунавандагонро барои ҷамъбасти даври тиромаҳӣ табрику таҳният гуфт.
Баъд аз суханронии олимон ва меҳмонон барномаи фархангии ҳунарӣ бо фарогирии фарҳанги чинӣ ва ҳамзамон ифодакунандаи унсурҳои шарқӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ба як қатор донишҷӯён ва хатмкунандагони курси забони чинӣ сертификатҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамасола бо гузаронидани чунин чорабинии сатҳи баланд аз омӯзандагони забони чинӣ қадрдонӣ менамояд.