Ин ду мафҳум ва як силсила мафҳумҳои дигари ба онҳо вобаста буда монанди «демократия» «шаҳрвандӣ» ва ғайра хислат ва вазифаҳои хосе дорад, ки мутаассифона аз ҷониби ҷавонон осон дарк карда намешавад ва аксар вақт онҳоро нодуст маънидод менамоянд.. Агар ба «Сарқонун»-и кишвар дуруст таваҷҷӯҳ намоем, мо аз аввалин сатрҳо тафовутҳои ин ду мафҳумро дарк мекунем. Дар оғози ин ҳуҷҷати олӣ омадааст, ки «мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудошавандаи ҷомеаи ҷаҳон» мебошем. Дар моддаи якуми он омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократии, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озоданаро фароҳам меорад.»
Пас ҷомеа пеш аз ҳама ба маҷмӯи одамон тааллуқ мегирад, яъне муносибатии боҳамии одамон аст, давлат бошад, низоми сиёсие аст, ки ҳамии одамон ташкил медиҳанд ва ба воситаи намояндагони худ идора мекунанд, тайғир медиҳанд ва ғайра. Ташкилотҳое, ки институтҳои сиёсии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳизбҳои онҳо доранд, давлатро барои худмуҳофизат маҷбур мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи, дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт аст, ки «Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатро ѓасб намоед»
Воқеъан Бадахшон як минтақаи хоссест, натанҳо барои он ки дар он мардум ба забонҳои гуногун суҳбат мекунад. Балки ба хотири ин ки ин минтақа бо як кишвари хориҷии љангзада ҳаммарз аст ва имкони фарњанги ин минтақа низ хеле заъиф аст ва ин асоси дасисакорињо гардида аст.
Танњо неъмате, ки ба ранљи зистан меарзад, озодист.
Сулњ боиси равнаќи кори мардум ва касоди бозори њодисаљўён аст. Ба андешаи ман, ин гурӯҳҳо акнун таъсири назаррасе ба мафкураи мардум надоранд, зеро онҳо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои худ машғуланд.
Њодисаљўи аз љамъияти табиати њайвоноте аст, ки агар ҳукумат тамоми талошҳоро барои ҳалли ин қазия бо роҳи ғайридаргирӣ ғайримуноқиша анҷом дињад, ба суди бештари ҳукумат ва ҳам мардуми ин вилоят мебошад.
Ҷои таассуф аст, ки ҳамкорӣ накардан бо мақомоти кишвар ва шитобкорї, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти сангинеро ба бор овард ва сабаби нооромии як гушаи ватанамон гардид.
Бояд зикр кард, ки мақомоти кишвар талоше барои ҳалли қазия ва пайдо намудани афроди ҷинояткор аз усулҳо ва имконоти ниҳодҳои ќудрати васеъ истифода мебарад бањри мањкуми даъвогарињои беаќлонаи ин афрод.
Қаблан дар ниҳодҳои амниятӣ ибораи “корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ” истифода мешуд ва ин чорабиниро дар мадди аввал мегузоштанд. Бояд аз ҳамин тарзи кор зиёдтар истифода бурд. Пешгирӣ фоидаи зиёдтар дорад барои оромии љомеа.
Мақолаҳо бо факту далелҳои исботшуда нашр кард ва фазое сохт, ки пропогандаи онҳо бетаъсир монад.
С.Дусталиев, омузгори кафедраи фанҳои умумитехникӣ