Амният дар интернет имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар саросари дунё табдил ёфтааст. Ин масъала ба ҳама дахл дорад – ҳам ба хурдсолон, ҳам ба калонсолон, ба ҳамаи онҳое, ки аз ин шабакаи ҷаҳонии иттилоотрасонӣ истифода мебаранд. Бахсусус ҷавонону наврасонро мебояд аз зиёни ин падидаи аср эмин нигоҳ дошт. Корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи РАМАЗОН дар ҳамин бора мақола навишта, онро ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст.
Ҷавонон неруи созандаи давлату миллат буда, ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа хеле зиёд аст. Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат изҳор доштанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст».
Аз ин суханони Президенти мамлакат бармеояд, ки ҷавонон дар назди давлату миллат масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидӣ иҷро мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки тақдири ояндаи миллатро ба он ҷавононе метавон вогузор кард, ки дар ҳақиқат ватандўсту худогоҳ, соҳиби донишу малакаи мутобиқ ба замони муосир буда, аз ҳама муҳим, ғурури миллию зиракии сиёсӣ дошта бошанд.
Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рўҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ будан ҷавононро қодир месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоянд. Танҳо бо дарки баланди худшиносӣ ба мо муяссар мегардад, ки давлатдории миллии худро таҳким бахшем.
Чунки ҷаҳони зудтағйирёбанда бо худ равандҳои сиёсӣ, падидаҳои ҷадид, мушкилоти гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба бор овардааст, ки хоҳу нохоҳ ба тафаккури ҷавонони кишварҳо, махсусан давлатҳои миллӣ таъсир хоҳад гузошт. Чун Тоҷикистони мо низ аз ин таҳдидҳо эмин нест, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасони он сари вақт муайян ва роҳи ҳалли дурусти пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо пайдо гардад.
Яке аз падидаҳое, ки инсони муосир бе он худро тасаввур карда наметавонад, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри 21 мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳони имрўз баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар як пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва интернет низ аз он истисно нест.
Ба ҳайси ҷанбаҳои мусбати интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд инҳо баромад намоянд:
Барои робита ва алоқаи байни инсонҳо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурдаанд. Одамон новобаста аз он, ки дар кадом нуқтаи дунё ҳузур доранд, метавонанд бо якдигар муошират кунанд. Имрӯз интернет аҳолии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дўстони зиёдеро аз давлатҳои дигар пайдо кунад ва бо онҳо дар робита бошад;
Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ ва муфид интернет имконияти хуберо фароҳам меорад;
Шабакаҳои иҷтимоии интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд;
Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳад.
Номгўйи чунин хусусиятҳои мусбати интернетро метавон давом дод.
Аммо, дар баробари пешравиҳо ва ҷиҳатҳои мусбат, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ як зумра проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор овардаанд, ки сабаби ташвиши давлату ҷомеа гардидааст.
Тибқи тадқиқоти сотсиологӣ, дар як рўз 33,3% истифодабарандагон, махсусан ҷавонон аз 5 то 6 соат вақти худро беҳуда дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Ин на ба маънои касбият ё шуғли ҳаррӯзаи онҳо, балки чун вобастагии зиёд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.
Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами ҳақиқӣ яке аз пайомадҳои манфии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин ҷо бемасъулиятии волидон низ дида мешавад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки онҳо бо чӣ кор машғуланд, кадом маълумотро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робита ҳастанд?
Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди рушду пешрафти техника ва техналогияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад.
Имрўзҳо на ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ назоратшавандаанд. Маълум аст, ки на ҳамаи маълумоти онҳо дурусту беғаразанд ва онҳо аксари вақт хатар эҷод мекунанд.
Маълум аст, ки солҳои охир гурўҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаҳои ифротиии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷрибаи кишварҳо, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, имрўзҳо аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд бар сари ҷавонони содаи мо бор кунанд.
Аз ин рў, идораю муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон самаранок истифода кунанд ва тавассути гузаронидани суҳбату машғулиятҳои фаҳмондадиҳӣ дар дили онҳо ҳисси ватандориву миллатдӯстиро бедор намоянд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ карда шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию фитодан ба доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.
Асри 21-ро асри иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ ном мебаранд. Ин дуруст аст. Ва муборизаҳои сиёсии имрӯза низ характерни иттилоотӣ касб намудаанд. Дар ҷаҳони муосир муборизаи иттилоотӣ байни марокизу аҳзоб ва доираҳои гуногуни сиёсӣ асосан маҳз тавассути Интернет амалӣ мешаванд.
Шабакаи ҷаҳонии Интернет минбари озод аст, вале истифодаи аз ҳад афзуни озодӣ низ мисли ҳама гуна неъматҳои дигар метавонад зарар ба бор орад. Чуноне, масалан, истифодаи аз меъёр зиёди асал низ, ки доруи бисёр бемориҳост, метавонад муҷиби сар задании бемориҳо гардад.
Авраам Линколн дар ин бора гуфттааст: «Гӯсфанд ва гург озодиро ба таври гуногун мефаҳманд. Ва ҳамаи нофаҳмиҳо ва бадбахтиҳо дар ҷомеа аз ҳамин сарчашма мегиранд». Имрӯз тарақиёти техникаву технологияи навро ҳар кас барои расидан мақсадҳои худ истифода мебарад ва ҳошо агар он ба мақсади нопок ва бад истифода шавад. Аз ин лиҳоз ҷавонону наврасонро, ки имрӯз бештари вақти худро бо интернет ва телефонҳои мобилӣ сипарӣ мекунанд, мо бояд аз ин зарар эмин нигоҳ дорем. Ҳам дар оила, ҳам дар мактабу донишгоҳ, дар коргоҳ, дар кӯча, дар ҳама ҷо.