ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД…

Тайи чанд рӯзи охир ҳуҷуми мафкуравии аъзоёни гуруҳҳои ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИ аз он ҷумла, Абдусаттор Бобоев, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубовро бешубҳа эҳсос намуда, мақоли халқии “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” ба ёдам расид. Банда шавҳари яке аз адвакатҳои ҷумҳурӣ марҳум Файзинисо Воҳидова мебошам. Дар зиндагонии якҷоя пай мебурдам, ки ӯ дар ҳақиқат умри бештари худро дар ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон сарф менамуд ва пайваста дар ҷустуҷӯи таъмини адолат буд. Ман медонам, ки ӯ чӣ гуна инсон буд, барои ҷомеа чӣ хидмат кардааст, дар куҷо бо кадом мақсад сафар мекард, дар куҷо табобат мегирифт ва ғайраву ҳоказо. Аммо намедонистам, ки чунин шахсиятҳои заҳролудшудаи ифротиёни наҳзатӣ аз марги ҳамсарам низ истифода намуда, ҳангомаҳои беасосро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд. Мардумро бо суханҳои нодурусташон дар ҳайрат мегузоранд. Дар ҳоле, ки марги ҳар як инсон ва ба охир расидани бехи умри ӯ дар дасти Аллоҳ таъолост.

Ман ба овозаҳои беасосе, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар сару садоҳое, ки оҳанги ношуниданӣ дорад, ҳамаи онро маҳкум намуда, гуфтаниям, ки бар болои ин мусибати зиндагӣ, ки ҳамсари худро аз даст додам боз мушкилии рӯҳиву равонӣ маро азиятам медиҳад…

Ба ин наълатиҳо ва пайравони ТЭТ ҲНИ, ки чун гуреза дар ба дар мардуми кишварҳои хориҷа мебошанд ва ба хонандагони дигари шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаниам, ки Файзинисо бемории кӯҳнаи гипатит B дошт. Зеро соли 2013 ҳангоми кандани дандонаш ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Ӯ пай дар пай солҳои 2013, 2014 ва 2015 дар беморхонаи хусусии лазерии “Наргис”, ки назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд мебошад, табобат гирифта буд. Пас аз он дар беморхонаи шаҳри Москва, ки воқеъ, дар рӯ ба рӯи Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд на табобат балки танҳо ташхис (обследование) гузашта буд. Баъдан соли 2018 дар Полша низ аз ташхиси тиббӣ гузашта буд. Бинобар сабаби надоштани расиди суғуртаи тиббӣ (страхавой полис) табобат гирифта натавонист. Моҳи феврали соли 2018 дар шаҳри Москва пас аз бозгашт аз сафари Полша худро аз ташхиси тиббӣ гузаронида, дар хонаи яке аз пайвандонамон меистод ва рӯзона аз назари табибон мегузашт.

Тайи рӯзҳои охир Файзинисо аз бемории зуком (грипп) ва ҳепотити В дар беморхона бистарӣ буд, ки тибқи хулосаи табибон табобатношуданӣ буд. Ҳамсарамро санаи 25.12.2018 ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бистарӣ кардем ва ӯ то санаи 3-юми январи соли 2019 дар он ҷо табобат гирифт. Табибон роҳи хунравии шадидро пешгирӣ карданд ва пас аз он Файзинисо низ худро хуб ҳис мекардагӣ шуд. Баъд аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷра бароварданд. Бояд зикр намоям, ки табиби беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд Раупов Набиҷон Ғаниевич аз лаҳзаи пайдо шудани бемории ҳепотити В дар ҷисму ҷони Файзинисо то дами маргаш ӯро ташхис, табобат ва назорат мекард ва бо оилаи мо низ рафту омади хуб дошт. Пас аз баромадан ба ҳуҷра, ман аз табибон талаб кардам, ки беморро бо худ барам. Табибон иҷозат надоданд аммо забонхат навишта, ҳамсари худро ба беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурдам. Вале дар он ҷо ҳам ҳолаташ тағйир ёфта, аз хунравии зиёд ҳолаташ вазнинтар гардид. Ба ҳар сурат онҳо кӯшиш намуданд, ки пеши роҳи хунравӣ ва бемориро гиранд аммо тақдир даст надод. Субҳи чоруми январи соли 2019 ҳамсарам аз олам гузашт. Ана ҳамин аст асли воқеии марги Файзинисо.

Пас, чӣ лозим аст ҳангомаҳои беасос дар сари марги Файзинисо? Ман ба ин бероҳагони наҳзатӣ гуфтаниям, ки ҳар касе, ки Ватани худро бунёд мекунад дар дохили кишвар истода, паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар хидмат ва кӯмак мекунад. Бовар кунед, ба ин корҳои пасипардагии Шумоён- наҳзатиҳои беимону тафриқаандоз мардуми тоҷик не, балки мардуми ҷаҳон хандида истодааст, ки дар кишвари бегона истода, ба диёру мулки ободи худ сангпартоӣ мекунед! Гирдиҳамоии дар Олмон ташкилкарда, нодида гирифтани муваффақиятҳои Тоҷикистон ва сангпартоӣ ба сӯи давлату ҳукумат шуморо боз ҳам назди ҷомеаи бофарҳангу соҳибватани Тоҷикистон боз ҳам беобрӯтар, заифтару лоғар ва кӯчаку нодор нишон медиҳад.

Ба Абдусаттор Бобоев бояд бигӯям, ки Файзинисо ҳеҷ вақт аъзои фасодзадаи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” набуд.Ӯ барои ҳама якхел ҳамчун адвокат муносибат ва муошират мекард. Шумоён тавассути телефонӣ маслиҳати ҳуқуқӣ мепурсидед вай аз доираи қонун ҳарф мезад. Бояд донист, ки вай мисли Шумо роҳи гурехтанро ба кишвари бегона пеш намегирифт. Ватани худро дӯст медошт, қадр мекард ва ҳифз менамуд. Аз муваффақиятҳои Тоҷикистон ифтихор мекард, мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Роғун”-ро ҳамчун падидаи нек ҳисоб мекард ва ифтихор аз давлату Ватандорӣ мекард. Вуҷудашро барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз супорида буд…

Бори дигар, аз Абдусаттори ланг, кӯри Сайидюнус, Илҳоми савдогар ва ҳайвонҳои беандеша талаб мекунам, ки марги ҳамсари манро ҳангомаи навбатии худ ва ба ҳадафҳои нопоки худ табдил надиҳанд!

Марг ба чунин инсонҳои палиду дурӯя, иғвоангезу тӯҳматталаб ва дурӯғгӯён!

 

                                                                                          Воҳидов Ғайратҷон – ҳамсари марҳум Файзинисо Воҳидова