Имрӯз, дар утоқи кории муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ гуфтугӯи маҷозӣ бо намояндаи ширкати ASIIN дар Осиёи Миёна Ирина Ефимова баргузор гардид. Дар гуфтугӯи мазкур масъалаи акредитсияи байналмилалӣ бо ширкати акредитатсионии Германия баррасӣ карда шуд ва аз ҷониби донишкада дар ин муколама муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, мудири кафедрви фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил, мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳусноро иштирок ва суханронӣ намуданд. Бо намояндаи агентти мазкур ҷонибҳо дар масъалаи гузаронидани ихтисосҳои донишкада аз акредитатсияи байналмилалиро баррасӣ намуда, бо имконият ва шарту шароити он огоҳӣ пайдо намуданд.
Таъкид карда шуд, ки имконияти аз акредитатсияи байналмилалӣ гузаштан ҳаст ва бояд, ки чанд талаботи намояндагиҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шавад.