Ҳамагон хуб медонанд, ки агар носипос як маротиба носипоси кард, набахш, зеро носипос ҳамоно носипос мемонад. Мардуми инглис мақоле доранд, ки мегӯянд “ Агар сагро дӯсти худ кардӣ, чӯбдастро напарто”, ки дар ҳақиқат ҳам дар баъзан маврид мисоли хубе буда метавонад. Бубинед, қирғизҳоро, ки бо мо чандин сол ҳамчун бародар ва ҳамсояи наздик рафту омад доштанд, имрӯзҳо бар зидди мо хестанд, аҳди бародариро шикастаанд, ва ба як душмани разил мубаддал гардидаанд.
Ҳоло намешавад гуфт, ки қирғиз ҳамсояи мост ва ё ин ки бародари мо. Зеро дар як муддати кӯтоҳ қирғизҳо чунон ҷинояте содир намуданд, ки намешавад дигар онҳоро инсони наздик гуфт. Қирғизҳо бар сари аҳолии осоишта тир мекушоянд, мардумро ба шӯр меоранд, ташвиш медиҳанд, низоъ бармеангезанд, аммо гуноҳи худро боз пинҳон кардани мешаванд, ки хеле нобахшиданист. Онҳо ҳатто бар ҷониби аҳолии осоишта ки на силоҳ дораду на ягон имконияти муҳофизатӣ тир мекушоянд, ки ин аз доира ва ё худ чаҳорчӯбаи одамгарӣ берун мебошад.
Муноқишаҳое, ки имрӯз қирғизҳо роҳандозӣ мекунанд бар зарари худи онҳост ва ҳатман ба ҳар санги партофта, ба ҳар як тири фиристодаашон бар ҷониби мо, қирғизҳо посух хоҳанд дод. Онон аз кардаи хеш ҳатман пушаймон мешаванд ва ҳатман аз миллати тоҷик барои ин густохияшон узр хоҳанд пурсид.
Зеро тир кушодан бар сари сокини бегуноҳи Чоркӯҳ ва боз он ҳам наварӯс ҷинояти вазнину нобахшиданист. Ин густохии қирғизҳо, хислати паст ва рафтори ношоистаи қирғизҳоро таърих фаромӯш намесозад.
Акнун дигар фурсати он расидааст, ки мо ба ҳар як рафтори авбошонаву саҳроии ғайриинсонии қирғизҳо ҳамон гуна, ки бархӯрд карданд, ҳамин хел посух диҳем ва шояд ҳамин роҳ барои қирғизҳо сабақ шавад.
Қирғизҳо набояд фаромӯш кунанд, ки мо ҷонибдори сулҳу оромӣ ҳастем на ҷангу нооромӣ. Вале агар худи онҳо инро мехоҳанд, пас чи ҷойи чора?!
То кунун тоҷикон арзу адабу эҳтироми ҳамсоядориро риоя намуда, кӯшиш мекарданд, то масъалаҳо ба роҳи муколамаи дуруст ва бамавқеъ ҳалли худро ёбад, аммо қирғизҳо бошанд, пайваста низоъталабӣ мекарданд ва ҳоло ҳам идома додаистодаанд, ки ин ҳолат инсонро ба ҳайрат меоварад. Ҳатман маҷбур мешавем сари он андеша намоем, ки чӣ қирғизҳо магар террористони Осиёи Марказиянд?
Меҳвар Абдусаломов
таҳлилгар