ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ХАТАР БА ҶОМЕА

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон.

 Дар охири асри XIX ва аввали асри XX таъсисёбӣ ва амалҳои гурӯҳҳои ифротгароӣ характери сиёсӣ гирифта доираи фаъолияти онҳо хеле васеъ гашта новобаста аз синну сол ба иҷрокунии амалҳои ризилона пайравони ифротгаро шахсони воқеиро ҷалб менамоянд. Имрӯз тамоми шахсиятҳои дунёро масъалае ба ташвиш меорад, ки ин ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудан ба ҳисоб меравад. Ҳар як намуди терроризм падидаи нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. Сулҳу суботи кишварро терроризм халалдор намуда, оромии мамлакати сулҳпарварро аз байн бурдан мехоҳад. Ашхосе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна амалҳои тарсафканиву зӯроварӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунанд. Амали асосии онҳо ба ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо ба ҳисоб рафта, ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ин роҳ давлатро ба даст оранд ва мафкураи разилонаи худро байни мардуми осоишта ҷорӣ намоянд.
 Чунин вазъ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз тақозо менамояд, ки дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмроҳҳҳои муосирро таҳия намояд, то зарба ба решаҳои ин вабои аср зада шуда он аз бех канда шавад. Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирӣ намудани он мебошад.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!». Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худй” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Ин падидаҳои номатлуб характери ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онҳоро гирифтан хеле мушкил гаштааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои пешин қатори  чунин дастаҳо кам андар кам бошад ҳоло дар сафи  ин созмонҳо шаҳрвандони зиёде мушоҳида мешавад.  Ҳизбу ҳаракатҳои зараровар, ба монанди “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи-24” дар байни мардуми осоишта кору фаъолият намуда руҳияи мардумро вайрон карда кӯшиш менамоянд, ки сафи аъзоёнашонро зиёд намуда зисту зинадгӣ, мафкураро вайрон намуда корҳои ифротии худро амалӣ кунанд.

Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбанд. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”.  

Аммо баъзе намояндагони дин зери парчами Ислом баромад карда, баҳри амали кардани амалҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, аҳкоми шариатро ба манфиати худ фаҳмонида, ҷавононро ба роҳи ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд.

         Ваҳдату осоиштагии мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат бар зидди  амалҳои экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. Баҳри пешгирии кори намояндагони гурӯҳи террористӣ, ки дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надоранду, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд гирифта бошем. Аз аҳволи зисту зиндагонӣ, донишомӯзиву касбомӯзии онҳо доимо хабардор гашта дар роҳи ҳалли муаммову камбудиҳои онҳо сарвару роҳбар бошем. Дар дарсҳои тарбиявию амалӣ бештар намоиши видеороликҳои тарғиботиро ба роҳ монда бартарият ва афзалиятҳои имломӯзӣ, касбомӯзиро фаҳмонда, инчунин дар бораи аҳамияти бади амалҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва оқибатҳои фоҷиаборӣ онро ба насли оянда ва аз байн равондани сулҳу суботи кишвари маҳбуби сиҳибистиқлоламон ба роҳ монем.

“Мо бар зидди амалҳои нопоки гурӯҳи ифротгароии терроризму экстремизм буда, амалҳои ноҷо ва нопоки ин разилон, хоинони давлатро маҳкум мекунем”. 

Юсупов Х.М.

мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ