Гузориши муфассал аз ҷараёни сафари профессор Умарҷонов А.А. ва Муҳаммадиев А ба шаҳри Тошканд ва бастани шартномаҳо бо донишгоҳҳо

Тибқи мактуби ирсолнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 08(54)02-616 аз санаи 10.09.2021с. оид ба иҷрои бандҳои 7.1.1. ва 7.1.2. Нақшаи чорабиниҳои ҷиҳати иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҷиҳати чораҷӯи намудан, донишкада нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст.

Дар ин замина, барои иҷрои бандҳои номбаршудаи нақшаи чорабиниҳо оид ба  мустаҳкам намудани ҳамкориро дар соҳаи илм ва фарҳанг, баланд бардоштани самаранокии кори таълимӣ-методӣ ва тадқиқотию илмӣ бо Донишгоҳҳои олии дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳаи 09.11.2021с-12.11.2021с. муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А.А. ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳамадиев А.Н. ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда шуданд.

Санаҳои 09-10.11.2021с. кормандони дарболозикргардида ба Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент (ДИТТ) ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ ташриф оварданд. Бояд зикр намуд, ки дар Донишгоҳи мазкур ва филиалҳои минтақавии он дорои 13 факулта, 62 кафедра буда, таълим дар 23 самт, аз ҷумла 9 самти нави бакалавриат ва 10 ихтисоси нави магистратура гузаронида мешавад.

Дар донишгоҳ ва филиалҳои минтақавии он 10242 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 9858 нафар дар бакалавриат, 384 нафар дар магистратура таҳсил мекунанд.

   Санаи 09.11.2021с. бо ректори донишгоҳ Махкамов Бахтиёр Шуҳратович, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тошев Комил                             Аҳматович, декани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии иттилоот ва радиоэлектроникаи Белорусия ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент Сирелчук Игор                    Николаевич  вохурӣ намуда, оид ба ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкили ихтисоси интелекти сунъӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сӯҳбат                 гузаронида шуд. Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ бо Донишгоҳи давлатии иттилоот ва радиоэлектроникаи Белорусия факултети муштарак дар самти интеллекти  сунъӣ ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён 2 сол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд ва 2 сол дар Ҷумҳурии Беларус, ки инро модели “2+2” меноманд ва ҳангоми хатм намудан ба онҳо 2 диплом дода мешавад. Дар рафти суҳбат пешниҳод карда шуд, ки ҳамкориро 3 тарафа намуда, 2 сол дар ДКМТ 1 сол Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ ва 1 сол дар  Донишгоҳи давлатии иттилоот ва радиоэлектроникаи Белорусия таҳсил намуда, дипломи 3 донишгоҳ дода шавад.   

Санаи 10.11.2021с. аз озмоишгоҳҳои донишгоҳи мазкур дидан намуда, бо кормандон ва донишҷӯёни парки робототехника суҳбат гузаронида шуд. Баъдан ба кафедраи технологияи интеллекти сунъӣ ташриф оварда, ба  мудири кафедари мазкур профессор Зайниддинов Ҳакимҷон Насриддинович вохурӣ гузаронида шуд. Маслиҳат ва тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба ташкили кафедари интеллекти сунъӣ, намояндагон барои коромӯзӣ  фиристонида шавад. Дар охири рӯз Шартномаи ҳамкорӣ дар фаъолияти таълимӣ, илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ, таъмини рушди низоми шарикӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ ба имзо расонида шуд, ки самтҳои зеринро дар бар мегирад:

1.1. Гузаронидани корҳои илмӣ-тадиқотии фундаменталию амалӣ, иҷроиши лоиҳаҳои якҷоя дар заминаи марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳо;

1.2. Татбиқи барномаҳои муштараки таълимии таҳсилоти касбӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, инчунин тайёр кардан, бозомӯзӣ ва (ё) такмили ихтисоси кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ;

1.3. Татбиқи тадқиқот ва таҷрибаҳои амалӣ ва иктишофӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, инчунин тадқиқот ва коркарди байнисоҳавӣ;

1.4. Фароҳам овардани шароит барои табодули ғояҳо, иттилоот ва технологияҳо, инчунин ташкили тадқиқоти муштарак ва конструкторӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки мувофиқашуда.

Санаҳои 11-12.11.2021с. ба Донишгоҳи политехникии Турин (Италия) дар шаҳри Тошкент ташриф оварда шуд. Донишгоҳи мазкур яке аз машҳуртарин дар Осиёи Марказӣ мебошад ва барои амалӣ намудани  тадбирҳое, ки ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои: Мошинсозӣ (Mechanical engineering); Технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ дар саноат (Computer engineering); Автомобилсозӣ (Automotive engineering); Мехатроника (Mechatronic Engineering) нигаронида шуда, соли 2009 таъсис ёфтааст. 

          Бо намояндагони донишгоҳи Турин вохурӣ намуда, доир ба ҳамкорӣ сӯҳбат гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки донишгоҳи мазкур мутахассисонро дар самти технологияи мошинсозӣ, мошинҳои саноатӣ кӯҳи ва барномасозии соҳаи муҳандисӣ тайёр менамояд, ки дар ДКМТ ин ихтисосҳо мавҷуданд. Дар ин замина, барои ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои дарболозикргардида гуфтушунид гуаронида шуд.

 

Инчунин, аз рафти кории донишгоҳ шинос шуда ба озмоишгоҳҳо, китобхона ва синфхонаҳо дидан намуда шуд. 

          Бо мудири китобхона суҳбат намуда, оид ба мубодилаи маводҳои таълимӣ бо китобхонаи электронии ДКМТ ҳамкорӣ хоҳанд намуд.

 

 

 

Барои ҳамкорӣ намудан бо ин донишгоҳ Шартнома дар самтҳои зерин:

  • табодули ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён;
  • иштироки муштараки донишҷӯёни дутарафа дар чорабиниҳои таълимӣ ва илмӣ;
  • гузаронидани конфронсҳои муштарак, симпозиумҳо, олимпиадаҳо ва озмунҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
  • нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ва дигар нашрияҳои тарафҳо;
  • мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, такмили ихтисос;
  • ҳамкориҳои тарафайн дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ

пешниҳод карда шуд.

 

 Умарҷонов А.А. муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия

ва робитаҳои байналмилалӣ                                            

13.11.2021с