ГИРОМИДОШТИ МАВЛОНО ДАР ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи шоири шаҳир ва нобиғаи аср Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва гиромидошти рӯзи забони давлатӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Нахуст ректори донишкада муҳтарам Фозилзода Мухтор Муродалӣ суханронӣ намуда, аз саҳми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушди забон ва ҳимояи он дар шароити ҷаҳонишавӣ ёдовар шуда, аз давраҳои нахустини соҳибистиқлолӣ  то ба имрӯз пуштибони ёфтани забони давлатиро аз ҷониби Пешвои миллат зикр намуданд. Ҳамчунин аз саҳми алломаи аср, хирадманд ва орифи бузург  Мавлоно дар ташаккули шахсият ва шеъри оламгири миллати тоҷик дар ҷаҳон ёдовар шуданд.

  Инчунин дар ин ҳамоиши илмӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой, ки ба ҳайси меҳмон дар ин конфронси илмӣ  ҳузур дошт, суханронӣ намуд. Омӯзгорони донишкада Атоева Кибриёхон ва Осими Оқил низ дар мавзӯъҳои марбут ба ҳамоиши имрӯза суханронӣ  намуданд.

Сипас донишҷӯён порчаҳо аз ашъори Мавлоноро қироат намуданд ва чорабинии фарҳангӣ низ дар бахши дуюми конфронс гузаронида шуд.