ГИРДОБИ ҲУБОБ Дар ҳошияи муроҷиати Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба наҳзатиён

Дар сомонаи  /АМИТ «Ховар»/. номае аъзоёни Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар муроҷиат ба ТТЭ ҲНИ мутолаи кардам ва воқеан ҳам ба раҳгум задани бонувон боварӣ ҳосил кардам.  Дар ин нома чунин  навишта шудааст :

 «Мо, шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ба наҳзатиҳо муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки занҳоро раҳгум насозед. Ҳуқуқи занҳо фақат дар риояи сатр нест. Баръакс, маҳз амалкардҳои шумо занонро аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум мекунанд. Маҳдудкунандаи ҳуқуқи занҳо маҳз шумоед.

Шумо ҳуқуқи занҳоро барои парастории падару модар бо баҳонаи афзалияти сухани шавҳар  гирифтаед. Шумоед, ки занҳоро бидуни маҳрам аз хона берун рафтан намемонед. Ҳатто рафтани ҳаҷ барои онҳо бидуни маҳрам мамнуъ аст. Дар ин сурат табиист, ки барои зан бидуни маҳрам ба кор рафтан ҳам имконнопазир мегардад.

Дар сурате, ки ҳар кадоми шумо барои гирифтани чор зан даъво менамоед, дар бораи кадом ҳуқуқи зан  суҳбат мекунед? Ҳуқуқи зани бечораро шумо худ муайян мекунед. Ӯ ғуломи ҳалқабаргӯши шумост ва аз хати кашидаи шумо бояд берун наравад. Ва боз даҳҳо ва садҳо маҳдудиятҳои дигар.

Ҳама ҳуқуқҳое, ки шумо барои занон пешниҳод мекунед, маҳдудкунандаи фаъолияти озоди онҳо мебошанд».

Воқеан ҳам ТТЭ ҲНИ даст ба ҷиноят зада ба занҳо зулмро раво медод ва ин амалро аз хориҷи кишва ҳам идома медиҳад.

 

                                                      Акбар Мусоев, мудири озмоишгоҳи таҳлилу ташхиси оби ДКМТ