ДОНИШҶӮЁНИ НАФТЧИ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТИ ҶДММ «СУҒДГЕО» ва КВ «ЭКСПЕДИТСИЯИ КОМПЛЕКСИИ ГЕОЛОГИИ ҚАЙРОҚҚУМ»

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба эълон гаштани солҳои 2022- 2026 «Солҳои рушди саноат» ҳайати професорону омузгорон ва муҳаққиқони ҷавон барои «Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ» филиалҳои кафедраҳоро дар корхонаҳои саноати кишвар ба роҳ мондааст.
Санаҳои 03.05.2023с. ва 04.05.2023с донишҷӯёни бахши 2-уми, ихтисосҳои 510202 коркард ва истифадабарии конҳои нафтугаз, гурӯҳҳои тоҷикию ва русӣ факултети корҳои кӯҳӣ кафедраи Геология ва корҳои нафту газ бо роҳбари устод Тӯйчиев Ғ. дар корхонаҳои саноати ҶДММ «Суғдгео» ва КВ «Экспедитсия комлексии геологии Қайроққум» дарсҳои лабораторӣ (амалия) бо озмоишгоҳи геокимиёвӣ, таҳқиқотҳои геофизикию сейсмогеофизикӣ, инчунин бо таҷҳизоту олотҳои геофизикӣ, шиносоӣ бо шлифҳо ва аншллифҳо бо заррабинҳои электронии муосир тамғаи «НБС-9», инчунин ҳуҷҷатгузорӣ намудан дар шароити саҳроӣ (документатсия) машғулияти сайёр гузаронид.
Бояд зикр намуд, ки инчунин дар вақти гузаронидани дарсҳои амалия бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи геология, гидрогеология ва геофизикҳо аз ҷумла: Каҳоров Муртазо- саргеологи ҶДММ «Суғдгео», Одилов Баҳодур-сардори шӯъбаи геофизикии ҶДММ «Суғдгео», Ҳофизов Ҷонибек- сардори шӯъбаи геологии КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» ва Худоёров Аминҷон-геологи пешбари шӯъбаи КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» иштирок ва баромад намуданд.
Дар вақти идомаи дарсҳои амалия аз ҷониби донишҷӯён саволҳо оид ба мавзӯъҳои дар боло қайдгардида дода шуданд ва аз тарафи масъулин ҷавобҳои дақиқ ва саҳеҳ дода шуд, ки донишҷӯён қаноатмандии худро баён намуданд.
Бояд ҳаминро қайд намоям, ки дар идомаи дарсҳои амалия як гурӯҳ донишҷӯёни зерин фаъол буданд, ба монанди: Абсаломов С.; Бурхонов М.; Мамурзода М.; Мелибоев Ҷ.; Тоҷибоев Ш.; Ҳоҷиев У.; Ҷалилов Ҳ.; Абдурафиқзода А.; Ёқубов Д.; Исмоилов У.; Назаров М.; Павлов М.; ва Ҳоҷибоев У.
Ҳамаи донишҷӯёни бахшҳои дар боло зикргардида қаноатмандии худро аз баргузори чунин шакли машғулият ба роҳбарияти «Донишкадаи кӯҳии металлургии Тоҷикистон», ба Раёсати таълим ва факултети корҳои кӯҳӣ изҳор намуданд.
Дар охир аз ҷониби омӯзгор Тӯйчиев Ғ. ба роҳбарияти ҶДММ «Суғдгео» ва КВ «Экспедисияи комплексии геологии Қайроққум» аз номи роҳбарияти донишкада сипосгузорӣ намуд.