ГЕНЕРАЛ ДАВЛАТ МАМАДРИЗОБЕКОВ ДАР БОРАИ ВАЗЪИ БАДАХШОН

-Ба ақидаи шумо, набояд раиси вилоятро аз кор мегирифтанд?

-Не, гирифтани ӯ кори дуруст аст, зеро ӯ низ хатоҳои зиёде дошт. Вай барои кори худаш бояд ҷавоб гӯяд. Вале дар мубориза ба муқобили қонуншиканиҳо асосан бояд сохторҳои ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳо амал намоянд.

-Магар ҳоло ҳам гурӯҳҳои ғайрирасмӣ таъсири зиёде ба мардум доранд?

-Ба андешаи ман, ин гурӯҳҳо акнун таъсири назаррасе ба мафкураи мардум надоранд, зеро онҳо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои худ машғуланд. Сокинон аз онҳо безор шудаанд. Ҳоло аксари онҳо минтақаҳои худро зери назорат доранду бо ҳамин гумон мекунанд, ки дар сари коранд. Аммо ин тавр нест.

Генерал Давлат Мамадризобеков дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон Абдумудассир Аҳмадов дар бораи вазъи кунунии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тағйироти ахири кадрӣ дар роҳбарии вилоят ва нақшу нуфуз ва таъсири гуруҳҳои ғайрирасмӣ изҳори назар кардааст.

Бадахшон: Aз қонуншиканиҳо то иштибоҳҳои раис дар суҳбати генерали амният Давлат Мамадризобеков

…Бо ӯ панҷ сол пеш вохӯрда будам. Гӯё вақт барои ин марди ҷиддисимо бо чеҳраи нуронӣ гузаре накардааст. Ҳамон чеҳра, ҳамон ҷиддият ва ҳамон …меҳрубоние, ки дар ҳар ҷумлаи гуфтааш эҳсос мегардад. Суҳбати мо мисли солҳои пеш оромона оғоз мегардад…

 -Рафиқ генерал, аз замони вохӯрии охирини ман бо шумо аллакай панҷ сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дунё дигар шуд, одамон дигар шуданд, дар арсаи ҷаҳонӣ сиёсат дигар шуд, хулоса замона то андозае тағйир ёфт. Бигӯед, ки ин дигаркуниҳо ба назари шумо, бештар ҷанбаи мусбӣ доштанд ё манфӣ?

-Дуруст мегӯед, ки дар муддати панҷ соли охир дунё ва мардум то андозае тағйир ёфтанд ва ин чиз табиист. Он чӣ ки дар ин муддат гузашт, ҳам ҷанбаҳои мусбӣ доштанду ҳам манфӣ. Ҷанбаи манфии онро ман дар он мебинам, ки сиёсатмадорон ва роҳбарони давлатҳо низ вобаста ба замон тағйир ёфтанд. Муносибатҳо дигар шуданд, вазъи сиёсии ҷаҳон рӯ ба ташаннуҷ овард. Аммо мусбӣ он чиз аст, ки техника ва технология тараққӣ кард, ҳарчанд ҳоло ба воситаи технологияи нав ба шуури мардум таъсир мерасонанд…

-Тағйироте, ки дар ҷаҳон шуд, мо ҳамарӯза аз тариқи ВАО мебинему мехонем. Воқеан ҳам имрӯз муносибати абарқударатҳо ба истилоҳе “ба кӯчаи сарбаста ворид гардидааст”. Аммо аз он тағйироте, ки дар кишвари худамон мешавад, камтар одамон бохабаранд. Ман дар назар дорам тағйироти кадрие, ки дар зодгоҳи шумо-Бадахшон вақтҳои охир Президенти кишвар пиёда намуданд…

-Ба назари ман, тағйиротҳои кадрие, ки вақтҳои охир Президенти кишварамон дар Бадахшон карданд, саривақтӣ аст. Ман Президент ва сафарҳои қаблии он касро ба ин вилоят хеле хуб дар ёд дорам, зеро дар ин сафарҳо аз рӯи вазифаи касбиам бо супориши Саидамир Зуҳуров дар ҳифзи амнияти Роҳбари давлат ширкат доштам. Президент чандин маротиба ба он ҷо сафар карда буданд. Дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам он кас ба Бадахшон рафтаанд ва табиатан одами ҷасур ҳастанд. Он замон Президент бевосита бо одамон суҳбатҳо мекарданд ва ҳамаи ин натиҷаи хуб дод. Он замон гурезаҳои зиёд аз Душанбе ва дигар минтақаҳо ба Хоруғ омада буданд. Оппозитсияи исломӣ низ он ҷо ҳузур дошт. Яъне, як давраи бесарусомонӣ буд. Бо вуҷуди ин Президент тавонистанд бо суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо мардум ин вазъиятро тағйир диҳанд њарчанд нафароне, ки вазъиятро метавонистанд бесубот гардонанд, дар он ҷо боқӣ монданд. Натиҷа, чунин шуд, ки ин гурӯҳҳо боз як бори дигар вазъро дар Бадахшон соли 2012 муташанниҷ сохтанд ва аз ин танҳо мардум зарар диданд. Зеро онҳо соҳиби яроқ буданд ва одами яроқнок онро ҳар лаҳза метавонад истифода барад. Ҳоло ҳам ин гурӯҳҳо ҳастанд. Онҳо ҳатто роҳбари вилоятро зарбу лат карданд. Аммо ин ҷо раиси вилоят танҳо коре карда наметавонист. Бояд дар ин кор фишангҳои давлатиро истифода бурд. Бояд сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ амал кунанд, зеро ҳимояи шаҳрвандон ин вазифаи асосии онҳост. Президент дуруст карданд, ки дар Бадахшон тағйиротҳои куллии кадрӣ ба роҳ монданд. Зеро онҳо кори таъсирбахше намекарданд. Акнун онҳо бояд кор кунанд. Мардуми Бадахшон гуноҳе надорад, дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд. Мардуми одиро аз ҳама гуна гурӯҳҳои ҷинояткор, манфиатдор, тоҷирони наркотик бояд ҳимоя намоянд. Ин ҷо бояд нақши сохторҳои марказӣ зиёдтар бошад, ин вазифаи асосии онҳо аст.

-Ба ақидаи шумо, набояд раиси вилоятро аз кор мегирифтанд?

-Не, гирифтани ӯ кори дуруст аст, зеро ӯ низ хатоҳои зиёде дошт. Вай барои кори худаш бояд ҷавоб гӯяд. Вале дар мубориза ба муқобили қонуншиканиҳо асосан бояд сохторҳои ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳо амал намоянд.

-Магар ҳоло ҳам гурӯҳҳои ғайрирасмӣ таъсири зиёде ба мардум доранд?

-Ба андешаи ман, ин гурӯҳҳо акнун таъсири назаррасе ба мафкураи мардум надоранд, зеро онҳо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои худ машғуланд. Сокинон аз онҳо безор шудаанд. Ҳоло аксари онҳо минтақаҳои худро зери назорат доранду бо ҳамин гумон мекунанд, ки дар сари коранд. Аммо ин тавр нест.

ӣ бояд кард, ки чунин гурӯҳҳои ғайрирасмӣ аз байн раванд ва натавонанд ҷомеаи Бадахшонро боз бесубот гардонанд?

-Ба андешаи ман, ҳам дар марказ ва ҳам дар худи Бадахшон бояд сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад. Дар 10 соли охир шумораи онҳо тамоман кам шуд, зеро нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд бо мардуми маҳаллӣ ба пуррагӣ забон ёбанд. Бояд кадрҳои лаёқатманди худи Бадахшонро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарбия намуд ва ба он ҷо фиристод.

Ин таъсири хубе хоҳад дошт.

-Ба наздикӣ дар Полша ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар баргузор гардид,ки дар он аз ҷониби мухолифин нақши аввалро ҲНИ (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дошт. Онҳо бо ҳар роҳ, аз ҷумла бо истифода аз технологияи пешрафтаи алоқа, ки мою шумо дар боло зикраш намудем, мехоҳанд ҳар чӣ бештар ба мафкураи одамон таъсир расонанд. Оё воситаи таъсирноке ҳаст, ки садди роҳи ин хатар шавад?

-Албатта ҳаст. Ин, пеш аз ҳама, антипропаганда мебошад, ки аз он истифода бурдан зарур аст.Танҳо бо он, ки “онҳо золим ҳастанд, онҳо ҷанг мехоҳанд, онҳо сулҳро барҳам доданӣ ҳастанд” гуфтану ҳабс кардан кор буд намешавад. Бояд бо суҳбатҳои таъсирбахш ва бо далелҳо мағзи андешаи онҳоро фош намуд. Мақолаҳо бо факту далелҳои исботшуда нашр кард ва фазое сохт, ки пропогандаи онҳо бетаъсир монад. Ҳамчунин, роҳи гуфтушунид барои баргардонидани фирефташудагонро аз хориҷи кишвар пеш гирифт…

-Ин кор аллакай шуда истодааст ва бисёр мухолифини роҳгумзада ба Ватан баргаштанд…

-Дуруст, аммо ҳамин тарзи корро бояд идома дод. Аммо бо онҳое, ки ба Сурия ва Ироқу дигар кишварҳо гӯё барои “ҷиҳод” рафтаанд ва дар ҷангҳо иштирок мекунанд, вазъият душвортар аст…

ӣ тавр?

-Онҳо аксаран ҷавонанд ва дар сарашон ҷуз андешаи ботил дигар чизе нест. Онҳоро тариқи Интернет ба ҳамин ҳолат мерасонанд ва ба амалҳои террористӣ таҳрик менамоянд. Ману шумо шоҳиди чунин ҳодиса дар кишварамон будем, ки чӣ тавр ин ҷавонони роҳгумзада дар Данғара сайёҳонро террор карда, хостанд номи Тоҷикистонро бад кунанд. Онҳо хеле хатарноканд…Ба муқобили онҳо бояд ҷазои сахттарро раво дид. Аммо агар ислоҳшаванда бошанду ва аз кори кардаи худ пушаймон шаванд, ин ҷавононро низ аз роҳи бад баргардондан лозим аст. Воситаҳои зиёде ҳам ҳастанд. Қаблан дар ниҳодҳои амниятӣ ибораи “корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ” истифода мешуд ва ин чорабиниро дар мадди аввал мегузоштанд. Танҳо бо роҳи ҳабс кардан ба мақсад расидан душвор аст. Бояд аз ҳамин тарзи кор зиёдтар истифода бурд. Пешгирӣ фоидаи зиёдтар дорад. Сари ин масъала сохторҳои амниятии ҳозира низ кор карда истодаанд ва муваффақ ҳам ҳастанд.

-Баргардем ба сари зиндагиномаи шумо. Ҳарчанд мо дар мусоҳибаи гузаштаамон ба чанд лаҳзаи зиндагиатон, ки асосан вобаста ба хизмат дар Афғонистон буд, ошно гаштем, аммо то ҳол намедонем, ки завҷаи шумо тарзи ҳаёти пурталотуматонро якумр чӣ гуна қабул қабул кард?

-Завҷаи ман Мамадризобекова Вера Петровна дар тӯли зиндагиам ҳамеша бо ман буд. Касби ӯ муаллимист ва дар мактабҳои шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Душанбе муаллимагӣ кардааст. Боре ҳам нашудааст, ки аз хизмати ман дар сохтори амниятӣ норизогӣ карда бошад ва ҳамеша дар зиндагӣ ёру мададгорам буд. Се маротиба ба Афғонистон, ба назди ман рафта буд ва як муддат дар он ҷо ҳам зиндагӣ кард. Ҳатто дар рӯзҳои вазнинтарин, ки Сафорати Русияро аз Кобул интиқол медодем ва як тайёраи моро бо ракета оташ заданд, ӯ ҳамроҳам буд ва як шаби пуртаҳлукаро якҷо бо мо дар таҳхонаи аэропорти Кобул, ки зери мушаку миномёт ва ракета қарор дошт, сипарӣ намуд. (Ин лаҳзаҳо дар мусоҳибаи гузаштаи мо, дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, шумораи 42 , соли 2013 тасвир ёфтааст.А.А.). Ман аз Вера Петровна сахт миннатдорам… Якҷо бо ӯ фарзандонамонро бузург кардем, соҳиби маълумот намудем ва ҳоло наберагон дар навбат ҳастанд…(механдад).

-Рафиқ генерал, лаҳзаи аз ҳама душвортарин дар зиндагиатон кадом буд?

-Вақте ки хабари марги домодам Эркинро шунидам…(Домоди Мамадризобеков, капитан Эркин Усмонович Холдоров солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тири мухолифин ҳалок гардидааст). Ҳарчанд вазифаи хизматии ӯ яроқ дар даст ҷангидан бо мухолифон набуд, аммо ӯ ихтиёран ба ҷабҳа рафту дар он ҷо ҳалок гардид. Он вақт писари ҳамсафи дигарам, Ғайрат Аслонов- капитан Шуҳрат Аслонов ҳам ҳалок гардид, ки мо баробар мотамдор шудем. Ман бо Ғайрат баробар ба сохторҳои амниятӣ шомил гардида будам…Ин лаҳзаҳоро ҳоло ҳам ба ёд меораму дар симои ӯ ҳамаи шаҳидони ин ҷанг пеши назарам меоянд ва орзуи ягонаам ин аст, ки дигар ин даҳшат такрор нашавад…

-Давлат Мамадризобекович, ман мефаҳмам, ки шумо айни замон дар истироҳатед ва даврони пирӣ меронед. Вале бигӯед, ки ин истироҳат дар куҷо ва чӣ тавр сурат мегирад?Аз саҳар то бегоҳ хоб мекунед?

(Механдад). Магар ман ба одами хобин монандам? Зимистон дар Русия ва дигар вақт дар Тоҷикистонам. Оилаам дар Маскав ҳастанд. Занам аз сабаби касалии дил ба Душанбе омада наметавонад ва бо духтарам Лола дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Ман бошам, фақат зимистон ба он ҷо меравам, барои хабаргирии онҳо ва табобат. Аммо баҳор, тобистон ва тирамоҳ дар Душанбе ҳастам, чунки Ватанамро ва мардумамро дӯст медорам ва барои он ба Маскав меравам, ки дар зимистон хонаҳо гарманд. Аммо сардиҳои он ҷо ба ман намефорад. Ҳар сол ба Бадахшон, меоям, ба зодгоҳам, деҳаи Манем меравам, бо ҳамсолони дар ҳаёт будаам суҳбатҳо мекунам. Ана, ба наздикӣ мо дар Хоруғ ҳамсинфоне, ки шаст сол пеш мактаби миёнаро хатм карда будем, ҷамъ омадем. Албатта, онҳое, ки дар қайди ҳаётанд. Аз гузаштаю имрӯза суҳбатҳо кардем. Бовар кунед, баъд аз ин вохӯрӣ гӯё худамро боз чанд сол ҷавонтар ҳис кардам…Тасаввур кунед, баъд аз 60 сол бо ҳамсинфоне, ки якҷо мактаби миёнаи шаҳри Хоруғро хатм карда будем, вохӯрдам. Ин ба гуфтан осон… Бекор ҳам нестам. Набераҳо дорам. Дар бораи ёру рафиқонам менависам. Суҳбатҳо бо онҳо ва хешу табор дорам, ният дорам баъзе хотираҳои худро ба мардуми Ватанам расонам.

-Рафиқ генерал, имрӯз 80 солагии мавлуди Шумост. Аз номи ҳайати эҷодии ҳафтаномаиТоҷикистон” ва хонандагони он ба Шуморо табрик менамоям. Умед бар он дорам, ки пас аз 5 соли дигар вомехӯрем ва ин мусоҳибаро идома медиҳем.

-Ташаккури беандоза ба Тоҷикистони бузург ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки маро фаромӯш намекунанд. Ман ҳам умед ба ҳамин мебандам…

 

Мусоҳиб:, Абдумудассир Аҳмадзода, “Тоҷикистон”