ГАЗАНГУР

Ҳосили имсолаи ангури токзори ҳавлиамон маро қонеъ накард. Шабеҳи газангур бурд. Яъне ангури худруйи ёбоӣ ки касе аз баҳраёб намешавад. Ман инро ба ҳамон пайравони ТТЭ ҲНИ шабоҳат медиҳам, ки аз ҳосили онҳо касе баҳраёб намешавад.

Пас аз пош хӯёбоӣ рдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон, тағйроти куллӣ ба вуқӯъ пайваста, давлатҳои алоҳида соҳиби истиқлолияти миллӣ гардиданд. Аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакситон, ки солҳои дароз орзӯи истиқлолияти миллиро мекарданд, умедашон ҷомаи амал пӯшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз солҳои 1991-1992, ки соҳибистиқлол гардид, дере нагузашта, бо дахолати хоҷаҳои давлатҳои абарқудрат, ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бенизомӣ дар мақомоти давлатӣ, қашшоқӣ, гуруснагӣ, беадолатӣ дар қаламрави ҶумҳурииТоҷикистон авҷ гирифт.

Аз ин бетартибиҳо гурӯҳҳои алоҳидаи тахрибкорон, роҳзанон ва баъзе намояндагони ифротгарову тундгарои динии ҷавонон ба ҷинояткориву ғоратгарӣ, ташвиқоту тарғиботи динии хусусиятҳои тундгароӣ дошта даст мезаданд. Аксариятисарварони гурӯҳҳои алоҳида худро намояндаи дини мубини Ислом ба омма муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва дасисабозӣ мардумро ба парастиши ғояҳои баъзе аз кишварҳои хориҷ, ки ба мо бегона аст, тарғиб менамуданд.

То солҳои навадуми асри гузашта равияҳои номатлуби терроризм, экстремизм ва тундгароӣ дар қаламрави кишвари азизамон миёни ҷавонон ба мушоҳида намерасид. Сар задани тундгароии динии ҷавонон танҳо пас аз истиқлолияти миллӣ, ҳамчун ақида ва равияи хатарнок ба пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ, мардуми камбизоату камсавод ва ҷавонони камтаҷрибаро, ки саводи кофӣ надоштанд, ба тарафи худ ҷалб менамуданд.

Ҷавонони ба равияҳои тундгароӣ майлдошта, оид ба баррасии ин ё он масъалаи баҳсталаб, яктарафа аз нигоҳи тундгароии динӣ баҳо дода, сабабҳои тадқиқоти илмӣ ва назариявии олимон- донишмандони замони муосирро ба назар намегиранд.

Ниҳоят, мақсадҳои нопоки тундгароён ва гурӯҳҳои ифротӣ, миёни мардум низоъандозӣ оид ба мазҳабу равияҳои гуногун, аз байн бурдани фарҳанг, бо роҳҳои зуриву террор ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ, аз байн бурдани сохти демократӣ, ташкили хилофат зери ниқоби дини мубини ислом, амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба тарафи худ ҷалб намудани ҷавонон ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун мебошад

Ҳар як шахси бонангу номуси ҷумҳурӣ бояд манфиати миллат ва дастовардҳои истиқлолиятро чун гавҳараки чашм муҳофизат намуда, нагузорем, ки ба мустаҳкам гардидани сулҳу суботи Тоҷикистони биҳиштосо ашхосе ё гурӯҳи нопоке халал расонад. Зеро ин сулҳи бепоён ва истиқлолияти комил ба осонӣ насиби мардуми Тоҷикистон нагардидааст.

Ман ҷонибдори самараи сулҳ ҳастам, на газангур!

Нозири Нурмат, омузгори ДКМТ