Ҳарчанд маълум аст, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик бозичаи дасти хоҷаҳои хориҷияшон гардидаанду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд, лек онон набояд фаромӯш созанд, ки сиёҳкорниву разолат ва ваҳшонияти наҳзатиён, махсусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар таърихи ҳазорсолаи миллат фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро наҳзатиён дидаву дониста, ҳолати мушкили миллатро фаҳмиданду боз ҳам аз он сӯистифода намуда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки ин хиёнати бисёр ҳам нобахшиданист. Он зарару зиёне, ки наҳзатиён бо ташкили ҷанги шаҳрвандӣ бар сари миллат оварданд, ҳисоб надораду ҳазорон дили шикаста то ба ҳол пайванд наёфтааст, ки бар ин аъзоёни ТТЭ ҲНИ гунаҳкоранду бояд ҷавоб бидиҳанд.
Ҳеҷ як миллате чунин зарба нахӯрдааст, ҳеҷ фарзанде мисли наҳзатиён дар олам хиёнаткор набудааст. Наход то бад ин ҳад душманони миллати тоҷик бадкешу бадгавҳар бошанд?
Мурод аз хиёнатӣ бар Ватану миллат чист?
Шояд ба ин суол худи наҳзатиён ҳам ҷавоби кофӣ надошта бошанд, чунки онҳо аслан моҳияти хиёнатро намефаҳманду фақат бастаҳои долларро дида сармаст гардидаву бо амри дилу виҷдон худро ғуломи ҳалқабаргӯш гардонидаанд.
Мақсаду маромашон ҳам ба даст овардани маблағ мебошад, ки ин роҳи интихобкардаашон бисёр ҳам пастфитратист. Ҳайфи малъунони наҳзатӣ, ки бар миллату ватани худ хиёнат мекунанду аз ҳисоби хиёнат маишати рӯзгор орост. Ҳамин аст, ки мегӯянд, ки “гадо серӣ надораду наҳзатӣ одамӣ” ва ин албатта мақоли мардумии хуб аст.
Дар ҳақиқат дуруст аст, ки наҳзатиён мисли гуруснагон ба нафс додашудаву ҳатто ба хотири маблағи бештар ба даст овардан виҷдони хешро фурӯхтаву ғулом гардидаанд.
Наҳзатиён ба хотири нафси бад худро ба ғуломӣ гирифтор карданду имрӯғз муздур шудаанд, ки аз шунидани ин ҳатто шарми инсон меояду вой бар ҳоли фарзанди одам мегӯяд, бар наҳзатиён.
Ҳар як инсони солим бояд дар хотир дошта бошад, ки нафси бад инсонро ба роҳҳои нек намебарад ва мисоли равшанаш ҳамин наҳзатиёнанд, ки имрӯзҳо дар Аврупо нақшаи гузаронидани амалиётҳои террористиро дар шаҳрҳои аврупоӣ дар сар мепарваранд.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ