Боиси шараф ва хушнудист, ки ватани азизамон Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва дар ин росто миллати тоҷик рамзу нишони хешро дар шакли муосир ба ҷаҳониён нишон дод. Миллати тоҷик аз дербоз истиқлолиятро пазмон буд ва фақат соли 1991 соҳиби ин неъмати бебаҳо гардид. Истиқлолият барои миллати тоҷик тамоми имкониятро фароҳам овард ва маҳз бо шарофати ин неъмати гаронарзиш ҷаҳониён садои миллати моро шуниданд. Мусаллам аст, ки ҳар як давлат бо рамзу нишони хеш худро муаррифӣ менамояд. Авалҳои соҳибистиқлолӣ давлати соҳибистиқлоламонро бо Парчами кӯҳна муаррифӣ менамуданд ва фақат пас аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мо соҳиби Парчами давлатӣ дар шакли нав ва ифодагари аҳдофи миллии хеш гардидем. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва аввалин маротиба дар бинои Қасри Арбоб парафшон гардид. Маҳз зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки шурӯъ аз ҳамон рӯз миллати тоҷик бо ин Парчам ба ҷаҳониён хешро муаррифӣ месозад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ, садоқат ва иттиҳоди миллати тоҷик мебошад, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон парафшон менамояд. Доштани Парчами миллӣ ин нишон аз иттиҳоду қудрат ва таърихи пурғановати миллат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давалтӣ чунин ибрози назар намудаанд: «Парчами имрӯзаи давлати яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва размҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои таъмоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар воқеъ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи хеле дури таърихӣ ва оини бузурги парчамдориву давлатдории миллати тоҷик қисса менамояд. Дар дарозои таърих миллати тоҷикро ҳамчун империядорони бузург ва соҳибдавлатон мешинохатанд ва ин хотираи таърихӣ дар маъхазҳо маҳфуз мебошад. Ҳамзамон, Парчами давлатӣ барои насли ҷавон бояд ҳамчун рамзи иттиҳод ва давлатдориву ояндасозӣ хидмат намояд ва ҷавонон бояд зери ин Парчами бузург сарҷамъ омада, ба арзишҳои олии миллат арҷ гузоранд ва саҳми бузурги хешро дар рушди Тоҷикистон бигузоранд.
Собирова Ш.
мудири кафедраи менеҷмент