В- ОН ЧИ ХУД ДОШТ, ЗИ БЕГОНА ТАМАННО МЕКАРД

Ба як кишвари ҷолиби сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон аз ниятҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин зимн ба нигини Ватан макони кӯҳсор Бадахшон такя мекунад. Воқеан ин сарзамин бо табиати нодир, урфу одат, забон ва инсонҳои нотакрор гӯшаи дилфиреби Тоҷикистон аст. Зиёрати қуллаҳои осмонбуси Помир орзуи аксари сокинони дунё  мебошад.

Гувоҳи ин муждаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» буд,  ки  дар рӯзҳои аввали соли 2019  рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон  дар  соли 2019 тавсия  медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб ва мафтун намудааст.

Маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 Тоҷикистон тибқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳон мавқеи намоёнро касб намуд. Аз ҷумла:

▲Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

▲Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда,  барои  сафар ба шаҳрвандонаш  тавсия  додааст.

▲Дар ҳошияи  Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии «ITB Berlin – 2018» маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардида, минтақаи баландкӯҳи  Бадахшони  Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуд ва дар минтақаи Осиё  ва Уқёнуси Ором ҷои аввалро сазовор  шуд.

▲Дар Намоишгоҳи  байналмилалии сайёҳии Москва  «MITT», ки бори нахуст гӯшаи  сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ  якҷо  бо ширкатҳои сайёҳии  ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори   «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — кишвари куҳҳои баланд ва дилҳои нарм» ба маъраз гузоштаанд, аз ҷониби ташкилкунандагони   Намоишгоҳ ҳамчун «Гӯшаи ҷаззоб» арзёбӣ  гардид.

▲Агентии таҳлилии  «ТурСтат»-и Россия раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2018 муайян намуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин  «ТОР-50» ворид гардид.

 

▲Бино ба натиҷаҳои   назарпурсии  агентии  таҳлилии «ТурСтат»-иРоссия, пойтахти  Тоҷикистон-шаҳри  Душанбе ба  радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил шомил  гардид.

▲Шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд.

▲Институти таҳқиқотии иқтисод  ва  сулҳ (Institute of Economy and Peace) феҳрасти нави индекси  кишварҳои амниятиро интишор  сохт, ки дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистон 4 зина  боло рафтааст. Дар ин гуруҳ Тоҷикистон аз Туркманистон, Арманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия, Туркия, Исроил боло меистад.

▲ Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии «DestinationRecomended.com» Тоҷикистон ба даҳгонаи   беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё дониста шуда, ба ин даҳгона  инчунин Озарбойҷон, Ҷопон, Шриланка, Сингапур, Ҳиндустон, Чин, Индонезия  низ  ворид карда   шудааст.

▲Зураб Пололикашвилӣ Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ /СҶС/  дар робита баэълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат эълон гардид, чунин изҳор медорад. «Ман  аз Ҳукумати  Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят  муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон боис мегардад, миннатдорам. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардидани  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тавассути шабакаҳои иҷтимоии  худ  дар «Facebook», «Twitter», «Instagramm», «lincdin» ва ҳамчун хабар дар веб-саҳифаи СҶС  дар Аврупо паҳн   намуд.  Мутмаин ҳастам, ки соли  2018 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод ва дар маҷмӯъ ба бахши сайёҳӣ бисёр  натиҷаҳои мукаммал  мебахшад».

Гуфтаҳои Зураб Пололикашвилӣ Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар ҳолест, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли оянда –солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҳадафаш рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ба кишвари туристӣ табдил додани кишварамон Тоҷикистон аст, ки дорои захираю имконоти бои туристӣ аст.

 

Дар ҳамин ҳол ҳукмронии сулҳу субот дар Бадахшон басо муҳим аст. Мақомоти кишвар дар ин самт тадбирҳои амниятиро меандешад то волоияти қонунро дар саросари кишвпр таъмин намояд. Ҳеҷ гуна дастаи авбошу ҷиноятпеша набояд Бадахшонро безобита кунад. Мо имруз якпорчагии Ватанро ҳифз намуда як байти Ҳофизи Шерозиро ба хотир меорем, ки:

Солҳо дил талаби Ҷоми Чам аз мо медошт,

В-он чи худ дошт, зи бегона таманно медошт.

Фурсати кишвари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан фаро расид. Бо забони силоҳу хушунат ҳарф задан дигар маъние надорад. Ба мисли ҷоми Ҷам бояд Тоҷикистонро ойина барин соф ва меҳмонон сайёҳони хориҷиро ба лутфи меҳрубонӣ истиқбол гирем. Садоқат ба анънанаи меҳмоннавозиро намоиш диҳем.

 

                                                                                               Мақсуда Нурматова,

                                                 омузгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ