«ВО ДИНО, ВО ШАРИАТО!» ЧАРО МУЛЛОҲОИ ИРТИҶОӢ ТАШНАИ ХУНИ АЙНӢ БУДАНД?

       Дар саҳифаи 31-уми китоби Ҷалол Икромӣ “Устоди ман, мактаби ман, худи ман”, ки ҳануз соли 1970 дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст, мавриди таъқибу таҳқири устод Садридин Айнӣ пораи зерин оварда шудааст: “Муллоҳои иртиҷопараст ва шуришгар , ки ба хун ташна буданд, дар Регистон ҷамъ шуда: «во дино, во шариато!» гӯён наъра мекашиданд ва ҳар касеро , ки аз ҷадидон дастгир карда меоварданд, ба зери ҳақорат, нафрат ва мушту калтак  мегирифтанд. Онҳо талаб карданд, ки Айниро гиранд, Айниро ҳабс кунанд, Айниро ҷазо диҳанд, зеро ки моддаи фасод Айнӣ аст, хамиртуруши фасод Айнӣ аст! Одамони қушбегӣ нуҳӯми апрел аввали пагоҳ рафта дари ҳуҷраи ӯро тақ-тақ заданд, Айнӣ ҷавоб надод. …Одамони қушбегӣ аз тарафи кӯча рафта, тирезаи ҳуҷраро шикаста Айниро кашон-кашон гирифта бароварданд ва бо мушту лағад кӯфта, ба фойтун савор уарда , ба Регистон гирифта бурданд. Дар Регистон ӯро аз байни муллоён ва сарбозон гузаронида , ба болои арк бароварданд. Албатта ҳар касе ки дар ин роҳ (аз поён то қушбегӣ) ӯро медид, як мушт зада, ба худ “савоб” мегирифт. …Худи ҳамон рӯз дар тахтапули арк, дар ҳузури қушбегӣ Айнӣ, Мирзо Нарзуллоҳ ва Мирбобо Мӯҳсинзодаро ҳафтоду панҷчӯбӣ мезананд ва боз ба обхона мепартоянд….”

   Аз ин бармеояд, ки муллоҳои хурофотпараст дар банди ҳамон тафаккури асримиёнагӣ боқӣ монда ба нависандандагон ва олимони дунявӣ бо назари шубҳа ва нафрат дида медӯзанд.

   Чунин ҳолатро баҳори соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳангоми ҷамъ омадани издиҳом дар майдони Шаҳидон мушоҳида карда будам, ки  зери ливои наҳзати ислом даст ба табаҳкорӣ мезаданд. Маҳз тангназарии пайравони ҳизби наҳзати ислом буд, ки дар Тоҷикистон рӯзноманигорон Муҳиддини Олимпур ва кинорежиссер Рӯдакӣ Самадов дар шаҳри Душанбе бераҳмона ба хотири пайравӣ аз ойини зардуштӣ доштан, ба қатл расонида шуданд.

     Ваҳшонияти муллоҳои зери таасуб қарор дошта боиси коҳиши нуфузи дини мубини ислом мегардад . Ба ин хотир, дар баҳогузорӣ ба фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он бояд  нозукбин бошем, то иштибоҳи солҳои навадумро такрор накунем.

Икром Абдуллоев, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ