Инкишофи босуръати техника дар замони муосир ба раванди таълим бевосита таъсири худро мерасонад. Яке аз ин технологияҳо ин VR (воқеияти виртуалӣ) мебошад, ки он аллакай дар ҷаҳон хеле маъмул мебошанд ва дар ояндаи наздик истифодаи онҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти соҳаи маориф яке аз аввалинҳо мегардад.
Расми 1. Истифодаи эксперименталии технологияи VR дар кафедраи экологияи ДКМТ (3к, 330101-05)
Афзоиши босуръати миқдори ва гуногуни барномаҳо барои ин технология хеле афзун гардидааст. То имрӯз, аллакай якчанд ҳазор барномаҳои гуногунҷабҳа барои VR дар ҷараёни таълим мавҷуданд ва шумораи онҳо ҳамарӯза афзуда истодааст.
Афзоиши сармоягузорӣ дар рушди технологияи VR – зиёда аз 2,5 миллиард доллар дар як сол мебошад.
Афзоиши шумораи ширкатҳои бузурге, ки дар соҳаи VR кор мекунанд имрӯз дар ҷаҳон хеле зиёд гардидаанд. Дар бозори Аврупо аллакай зиёда аз 300 адади онҳо мавҷуданд ва азимҷуссаҳое чун Oculus, HTC, Sony, Microsoft, Samsung ва бисёр дигарон технологияҳои худро дар ин самт дар муддатҳои тӯлонӣ ҷорӣ намудаанд.
Имрӯз технологияҳои VR дар як қатор соҳаҳо ба монанди соҳаҳои экология. саноати нафту газ, мошинсозӣ, энергетика, металлургия, телекоммуникатсия, реклама ва ғайраҳо дар давлатҳои пешрафта хеле босуръат истифода бурда мешавад.
VR дар соҳаи маориф чӣ гуна истифода мешавад ва чаро ин технологияи оянда аст ва инчунин дурнамои он чӣ гуна аст?
Расми 2. Мисоли раванди таълим бо VR
Истифодабарии ин технология дар раванди таълим бисёр фоидаовар мебошад, самаранокии азхудкунии фанҳоро баланд мегардонад.
Бартарияи ин усул:
- Фазои виртуалӣ барои дақиқ шинос шудан бо объектҳо ва равандҳо, ки дар табиат онро мушоҳида намудан душвор аст, имкон медиҳад.
- Дар фазои виртуалӣ донишҷӯ метавонад бо объекти омӯзиш дар вақти дилхоҳ шинос гардад.
- Дар фазои виртуалӣ донишҷӯён метавонанд таҷрибаҳои химиявӣ, физикавӣ ва ғ. гузаронанд.
Бо мақсади ҷорӣ намудани ин намуди технология дар раванди таълим, санаи 29 март кафедраи Экологияи ДКМТ барои донишҷӯён оид ба истифодабарии VR эксперимент гузаронида шуд. Барои донишҷӯён ин намуди технология бисёр писанд омад.
Кафедра ба нақша гирифтааст, ки миқдори ин таҷҳизотҳоро дар оянда бисёр намуда барои беҳтар намудани сифати таълим корҳоро анҷом диҳад, мегӯяд мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер.