Гурӯҳи омӯзгорони кафедраи иқтисод ва идоракунӣ Юсупов Х.М., Саидов М.К., Шехова Маҳинахон барои тарғибу муаррифии ихтисосҳои донишкада ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф бурда, бо хонандагони синфҳои 11-и макотиби миёнаи ин ноҳия мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Ҳини вохӯрӣ бо хатмкунандагони макотиби миёна, ки асосан синфҳои 11 мебошанд, имкониятҳои донишкада ва ихтисосҳои нав муаррифӣ гардида, ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ тақми карда шуд.
Бояд қайд намоем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз пурнуфузтарин донишкадаҳои соҳавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, назираш дар минтақа анқариб, ки нест.
М. Сайидзода