Дирӯз, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон намояндагони ширкати ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ воқеъ дар ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд.
Сараввал вохӯрии намояндагони ширкат бо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин Зайниддинович ва сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек Аҳмадович баргузор гардид. Зимни мулоқот муовини аввали ректор профессор Насриддинов З.З. ба меҳмонон изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ҳамкориҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо корхонаи мазкур боз ҳам тақвият ёфта истодааст. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишкада дар корхонаи ТВЕА Душанбе кӯҳӣ саноатӣ, омодасозии кадрҳо бо дониcтани забони чинӣ ва таъин намудани стипендия аз ҷониби корхонаи болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъдан, вохӯрии намояндагони ширкат бо хатмкунандагони донишкада баргузор гардид, ки дар он намояндагони ширкат оид ба ширкат, фаъолияти он, шарту шароитҳои корӣ, минтақаҳои истихроҷи маъдан, музди меҳнат, талоботи корхона нисбати мутахассисон ва ғайраҳо маълумотҳои пурра додаанд. Пас аз суханронии намояндагони ширкат донишҷӯён бо саволҳои худ муроҷиатба меҳмонон муроҷиат намуда, посухҳои амиқ гирифтанд.
Дар вохӯрии мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои мазкур иштирок намуданд:
510101- “Геология ва иктишофи канданиҳои фоиданок”
510201- “ Корҳои маркшейдерӣ”
510201-02 – “Корҳои зеризаминии кӯҳӣ”
510201-03 – “Тоза кардани канданиҳои фоиданок”
270101-09 – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот”
330101-05 – “Ҳифзи муҳандисии муҳити зист”
420101-0104 – “ Металлургияи металлҳои ранга”
Дар интиҳо омӯзгори пуртаҷрибаи донишкада Отаев Анвар Отаевич баромад намуда, ба меҳмонон изҳори сипос намуданд. Мавсуф қайд намуд, ки донишҷӯён бояд бо баҳоҳои хубу аъло хонда, ҷиҳати гирифтани донишу малака, диққати хоса диҳанд, зеро нисбати мутахассиси дорои донишу малакаи бой талобот дар бозори меҳнат зиёд аст.
Бояд қайд намуд, ки ширкати мазкур хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба кори доимӣ даъват менамояд. Барои гирифтани маълумоти пурра ба Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони донишкада муроҷиат намоед.