Дирӯз, дар толори маҷлисгоҳи донишкада вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохтору ниҳодҳои қудратӣ ҷиҳатӣ вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла коррупсия, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарғиби ахлоқу одоюи ҳамида, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ, китобхонӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ Солиев Шарофиддин омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон суханронӣ намуда, донишҷӯёнро аз оқибати бади амалҳои зишт ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ огоҳ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда суханронӣ намуда, ба меҳмонон ҷиҳати ширкат дар чорбанӣ изҳори сипос гуфтанд.
М. Сайидзода