Баҳри муаррифӣ намудани ихтисосҳои нави донишкада ва ҳамчунин маълумот додан ба довталабон аз имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мудири шуъбаи тарбия Мирзоахмедов Мухтор ва сармуҳаррири рӯзномаи “Маъаданшинос” Абдуллоев Икром ба 5 мактаби ноҳияи Б.Ғафуров ташриф бурда, бо хатмкунандагон мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо беҳтарин имкониятҳо мутахассисонро омода менамоянд.
Ҳамчунин, пас аз хатми донишҷӯён муассисаи мазкур мутахассисонро бо ҷойҳои корӣ таъмин менамояд.