Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон намояндагони васоити ахбори омма ва собиқадорони ин соҳа бо донишҷӯён вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур котиби масъули созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карим Шариф, сармуҳаррири маҷаллаи “Паёми Суғд” Толиб Карими Озарахш, муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати суғд” Сурайё Ҳакимова, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” Зокиров Исҳоқ ба донишҷӯён аз таърихи матбуот ва рушди соҳаи мазкур дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълмот доданд.
Ҳамчунин, шоирон Озарахш ва Сурайёбону барои донишҷӯён аз осори худ қироат намуданд, ки бисёр ҳам вохӯриро ҷолиб гардонид.
М. Сайидзода