Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии директори Донишкадаи Конфутсий Жен Гентян, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон ва омӯзгори забони чинӣ шаш нафар донишҷӯёни фаъоли донишкадаро, ки забони чиноиро омӯхта ба Ҷумҳурии мардумии Чин ба таҷрибаомӯзӣ рафта буданд, ба ҳузур пазируфт.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён ҷиҳати хуб омӯхтани касби хеш ва фаъолона дар таҷрибаомӯзӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин ширкат намуданашон, изҳори миннатдорӣ баён намуд ва таъкид кард, ки ҳамеша омӯзанд ва бар Ватану миллат хидмат намоянд.
Дар интиҳо донишҷӯён ба роҳбарияти Донишкада ҷиҳати дастгирӣ намудан изҳори сипосмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шаш нафар донишҷӯёни донишкада, ки забони чиноиро дар Донишкадаи Конфутсий омӯхта буданд, аз ҷониби Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон” ба Ҷумҳурии мардумии Чин тибқи созишномаи дуҷониба фиристода шуда буданд ва дар он ҷо анқариб ду моҳ донишҷӯён дар корхонаҳои бузурги саноатӣ таҷриба андӯхтанд.