Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯрии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо кормандони бахши хоҷагидорӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кормандони бахши хоҷагидорӣ нахуст изҳори миннатдорӣ намуда, сипас оид ба омодагӣ ба даври зимистонгузаронӣ ва тағйири ҷадвали корӣ дар давраи тирамоҳу зимистон сухан ронданд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба беҳтар намудани шароити корӣ ва муҳайё намудани таҷҳизоти зарурӣ баҳри пешбурди кор машваратҳо доданд.
Шуъбаи иттилоот