Санаи 14.01.2020 вохўрии навбатии ректори Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳайати профессорию омўзгории Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Бахтиёр Маҳмадалӣ нахустсухани хешро аз он оғоз намуданд, ки Муассисисаи давлатии таълимии Коллеҷи кўҳии ба номи С. Юсупова дар сохтори донишкада, яке аз ҷузъҳои асосию марказӣ ба ҳисоб рафта, баҳри баланд шудани мақоми ин муассиса, аз ҷумла, боло рафтани тамоми самтҳои он роҳбарияти донишкада кўшиш ба харҷ медиҳад, ки маъмурияти коллеҷро кумаку дастгириҳо намояд.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ дар рушду нумуи кишвар арзёбӣ намуда, фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимиро дар дараҷаи аввал мешуморанд. Илова карда шуд, ки эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми Ҳукумати кишвар, ҳар яки моро муваззаф мегардонад, ки дар амалӣ шудани ин мақсадҳо беш аз ҳарвақта ҷидду ҷахд намоем. Дар ин замина, вазифаи мову шумо таъмини талаботи ҷомеа бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат, аз он ҷумла, саноати кўҳӣ ва геология мебошад.
Пас, месазад, ки ҳамкориҳоро пеш аз ҳама дар самти таълим ва илму инноватсия пурзўр намуда, барои амалӣ шудани мақсадҳои дар пеш гузошташудаамон як нақшаи муштарак мураттаб намуда, баҳри давра ба давра амалӣ шудани он чораҳои мушаххас андешем.