Имрӯз, дар бинои конфронсзали донишкада вохӯрӣ ва мулоқоти ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо намояндаи Донишгоҳи геологии иктишофӣ ба номи Сергей Орҷоникидзеи Федератсияи Россия Гольдман Ефим Лазеров мулоқот намуданд.
Дар ин мулоқот, ки барои тависия ва рушди ҳамкориҳо байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи геологии иктишофӣ ба номи Сергей Орҷоникидзеи Федератсияи Россия нигаронида шуда буд, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо, сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Муҳаммадиев Акбар ҳамроҳӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур масоили марбут ба табодули донишҷӯён, идомаи таҳсил дар бахшҳои магистратура ва таҷрибаомӯзии муштарак баррасӣ карда шуданд. Ҳар ду ҷониб омодагиҳои худро баҳри ҳамкориҳои судманд иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоот