Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯён ва устодон баҳри омодагӣ ба интихобот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки дар он нахуст мувоини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. суханронӣ намуда, меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуданд. Сипас директори мактаби Президентӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ Набизода Мадина суханронӣ намуда, ҷавононро ҷиҳати фаъол гардиданашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват намуда ҳамзамон таъкид дошт, то зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вохӯрии имрӯза ба ҷуз аз Мадина Набизода боз Ҷабборзода Фаррух. Муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд, Фахриддинзода Фирдавс муовини раиси ҷавонони вилояти Суғд, Нарзизода Фараҳманд намояндаи САҲШ-и вазорати адлия дар вилояти Суғд ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот