Дирӯз, дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин ва дигар муовинон аз ҷумла муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, муовини ректор оид ба корҳои молиявиву хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад вохӯри бо омӯзгорону кормандони донишкада баргузор гардид.
Дар ин вохӯри нахуст муовини ректор Насриддинов З.З. бо ҳамроҳии дигар муовинон ба мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Қобилов В., омӯзгор Маҳмудова С. Ва ду нафар кормандони бахши хоҷагӣ бинобар расидан ба синни 63 солагӣ ва 50 солагиву 60 солагишон табрик намуда, соҳибҷашнонро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.
Сипас, ҷиҳати амали намудани нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, Насриддинов З.З. баромад намуданд. Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова М. низ суханронӣ намуда, аз омӯзгорон дархост ба амал оварданд, то дар риояи тартиботи ягона саҳмгузорӣ намоянд ва назорати донишҷӯёнро фаромӯш насозанд.
Дар интиҳо байни омӯзгорон ва кормандон суолгузориву масъалагузориҳо сурат гирифт, ки дар он муовинони ректор мустақим посух гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ ва мулоқоти мазкур бо кормандону омӯзгорон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-солагии донишкада ва беҳбуд бахшидан ба соҳа буд.
М. Сайидзода