Санаи 14.02.2022с. дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо донишҷӯён доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковник Абдуллозода Аҳад ва корманди ҳамин шуъба майори милитсия Рӯзизода Дилшод иштирок ва дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ” бо навору аксҳо суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо, маърӯзачиён ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ даъват намуданд.