Дирӯз муовини якуми ректор Қозиев Камолуддин Сангинович бо хатмкунандагони ҳар се факултети донишкада вохӯрӣ анҷом доданд. Қозиев К.С. дар мавриди тартиби тақсимоти хатмкунандагони тариқи буҷавӣ ва таъмин намудани онон бо ҷойҳои корӣ ва ҳамчунин мусоидат намудан барои ба кор таъмин намудани хатмкунандагони тибқи шартномавӣ низ сухан ронданд.
Дар вохӯрӣ бо хатмкунандагон ҳамчунин деканони факултетҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика низ суханронӣ намуда, ба онон дар ҳимояи бомуваффақияти рисолаи хатм барор хостанд.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни хатмкунанда, ҳамзамон Қаноатова Г. ва Назарматов А. низ сухан гуфта, дар бораи қонунҳо ва низомномаи фаъолият дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва тартиби саривақт ба ҷойи таъиншуда сафарбар гардидани хатмкунандагон гуфта гузаштанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ муовини ректор оид ба таълим дар мавриди хатмкунандагони тариқи шартномавӣ таҳсилкарда низ сухан гуфта, иброз доштанд, ки аз рӯйи имкониятҳои донишкада ва шартномаҳои мавҷуда бо корхонаҳои саноатӣ раёсати донишкада талош мекунад, то хоҳишмандонро бо ҷойҳои корӣ таъмин намояд.
М. Сайидзода